Варзишгарони Тоҷикистон дар дуввумин мусобиқоти қаҳрамонии Авруосиё оид ба карате-до дар шаҳри Маскав се медал ба даст оварданд. Дар ин бора Баҳром Ҳамидов, дабири кулли Федератсияи карате-дои Тоҷикистон ба бахши тоҷикии Радиои Озодӣ хабар дод. Вай гуфт, ин мусобиқот бо ширкати зӯртарин каратечиёни ҳашт кишвари аъзои Федератсияи байналмилалии карате-дои Авруосиё - Русия, Укроин, Беларус, Гурҷистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Тоҷикистон ва Ҷопон баргузор шуд. Каратечии тоҷик Диловар Шарифов дар рақобатҳои инфиродӣ дар вазни то 65 кило соҳиби мақоми дуввум ва медали нуқра гардид. Ду намояндаи дигари Тоҷикистон - Темур Беков ва Вадим Ҷо Чун-Си дар рақобатҳо дар вазни то 75 кило муваффақ ба дарёфти мақоми севвум ва медали биринҷӣ шуданд.Ҳамчунин, Олга Данилко дар рақобатҳо миёни занон дар вазни беш аз 55 кило мақоми чаҳорумро ишғол кард. Баҳром Ҳамидов афзуд, Диловар Шарифов, ки ба ҳайати тими мунтахаби Авруосиё шомил шуд, барои ширкат дар мусобиқоти ҷаҳонӣ дар Ҷопон роҳ ёфт.
Ва як хабар барои ҳаводорони футбол. Рӯзи шанбеи 18 июн бозиҳои ҷавобии чаҳорякфиналии ҷоми футболи Тоҷикистон - 2005 баргузор мешаванд."Регар-ТадАЗ"-и Турсунзода, ки дар аввалин дидораш бар тими «Фархор»-и Фархор бо натиҷаи 11 бар сифр ғалаба карда вазифаи роҳ ёфтан ба бозии нимниҳоиро амалан ба ҷо овардааст, бо ҳарифи худ дар меҳмонӣ рақобат мекунад. "Вахш"- и Қӯрғонтеппа, ки дар бозии аввал дар майдони худ «ХИМА»-и Душанберо бо ҳисоби 2 бар 1 мағлуб кард, ин дафъа бо ҳарифаш дар варзишгоҳи марказии пойтахти Тоҷикистон қувва меозмояд. «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров, барандаи ҷоми футболи Тоҷикистон дар соли 2004, дар майдони худ бо ЦСКА-и Душанбе ва «Хуҷанд»-и Хуҷанд бо СКА «Помир»-и Душанбе зӯрозмоӣ хоҳанд кард. Аввалин дидори ин дастаҳо дар Душанбе бо натиҷаи мусовӣ ва бидуни гол анҷом ёфта буд.
Нарзуллоҳи Латиф, Душанбе.