Гулмира Борубоева - сухангӯи Хадамоти марзбонии Қирғизистон гуфт, додситони низомии вилояти Ботканд дар робита ба моҷарое, ки шашуми июн дар марзи миёни ду кишвар рух дода, боиси куштори як шаҳрванди Тоҷикистон шуд, парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.
Хонум Борубоева ба хабарнигори Радиои Озодӣ гуфт, раҳбарияти Хадамоти марзбонии Қирғизистон ҷиҳати таҳқиқи ҳодиса тамоми тадобирро андешидааст ва як нома ба Кумитаи марзбонии Тоҷикистон ирсол кардааст, то ки сабабҳои моҷарои деҳаи Чоркӯҳи Исфара ва марзбонони қирғизро як комиссияи муштарак таҳқиқ намояд. Абдусаттор Гулаҳмадов - сухангӯи Кумитаи марзбонии Тоҷикистон бо тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, комиссия аллакай ба таҳқиқи ин ҳодиса шурӯъ кардааст.
Ҳамчунин сухангӯи Хадамоти марзбонии Қирғизистон гуфт, як ҳайъати иборат аз намояндагони порлумон ва хадамоти марзбонӣ ба Тоҷикистон сафар карда, бо мақомоти зиддахл доир ба моҷаро гуфтӯгу кардааст. Аз ҷумла дар ин гуфтушунид тавофуқ дар мавриди ба мақомоти Қирғизистон додани се сарҳадбони ин кишвар, ки баъди боздошт дар шаҳри Чкаловски Тоҷикистон қарор доранд, ҳосил шудааст.
Хонум Борубоева изҳор кард, қарор аст, то 12-уми июн мақомоти Тоҷикистон марзбононро ба Қирғизистон бидиҳанд. Пас аз ин бозрасии аъмоли марзбононро додситонии кишварашон идома хоҳад дод. Дар робита ба ин додситонӣ бо иттиҳомоти куштор ва истифодаи беэҳтиётонаи силоҳ, ки мунҷар ба ҳалокати одам гардидааст, парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.
Насибҷон Амонӣ