Додситонӣ дар ҷустуҷӯи гунаҳкорони ихроҷи мусофирони тоҷик аз Русия

Додситонии нақлиёти Тоҷикистон бар асоси шикояти 200 муҳоҷири тоҷик, ки рӯзи 23 май аз бинобар нақзи муқаррароти нави равуо аз фурудгоҳҳои шаҳри Новосибирск ва Маскави Русия ба Тоҷикистон бозпас фиристода шуданд, парвандаи ҷиноӣ ифтитоҳ кардааст.
Азиз Рустамов сардори бахши назорати умумии додситонии нақлиёт дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки як гурӯҳи бозрасии ин идора шикояти муҳоҷирони ҷабрдидаро таҳқиқ хоҳад кард: "Оид ба ин ҳолат бо моддаи 332, ки хунукназарӣ, боиси расонидани зарари ниҳоят калон шудааст, парвандаи ҷиноӣ боз шудааст."
Ба гуфтаи ӯ, ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон иштибоҳан ба шаҳрвандон чиптаҳои ҳавопаймоҳоро фурӯхтааст, ки онҳо дар рӯзи ҷорӣ шудани муқаррароти нави сафар ба кишвари узви созмони Авруосиё вориди Русия ва баъдан аз он ҷо ихроҷ шуданд. Ӯ афзуд, ҳанӯз наметавон ҷониберо дар ин қазия гунаҳкор донист, вале додситонӣ гунаҳкоронро пайдо карда ва ҷуброни зиёни мусофирони зиёндидаро хоҳад ситонд. Ин дар ҳолест, ки муҳоҷирони ихроҷшуда аз Русия тайи як ҳафтаи ахир дар назди бинои фурудгоҳ ва додситонии нақлиёт гирди ҳам омада, талаби ҳарчӣ зудтар ҳал кардани ин қазияро мекунанд. Чанде аз онҳо ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки пули роҳкиро ба Русияро бо ваъдаи он қарз кардаанд, ки баъди кор дар Русия бармегардонанд.
Тибқи муқаррароти нави сафар пас аз 20-уми май шаҳрвандони Тоҷикистон иҷоза доранд, танҳо бо шиносномаҳои хориҷӣ ба Русия ва дигар кишварҳои аъзои Созмони Авруосиё сафар кунанд.
Абдуқайюми Қайюмзод, Душанбе