муҳамамдарҳими сайдар
Ҳукумати Тотористон тасмим гирифтааст, 50 муҳоҷири тоҷикро, ки дар ин ҷумҳурӣ кору иқомат доштанд, бо иттиҳоми нақзи қонун ба таври иҷборӣ аз қаламрави Тотористон берун ронад. Ин шаҳрвандони Тоҷикистон ҳоло дар яке аз маҳбасҳои Қазон дар боздошт ба сар мебаранд. Мақомоти Тотористон мегӯянд, ин муҳоҷирон ба ҷурми нақзи қонуни истиқомат дар ин кишвар боздошт шуда, додгоҳи Тотористон ба ихроҷи онҳо ҳукм содир кардааст. Матбуоти ин кишвари Федерасиюни Русия ақидаеро таблиғ мекунад, ки аксари ҷиноятҳо аз дасти муҳоҷирони бе сабтином ба амал меоянд. Вале дақиқ нест, ки оё ҳамаи муҳоҷирон дар ҳақиқат сабтиноми расмӣ надошта бошанд, зеро бархе аз онҳо тибқи шартнома бо бархе аз ширкатҳои Тотористон ба ин ҷо сафар кардаанд.
Сухангӯи вазорати корҳои дарунии Тотористон мегӯяд, ба ғайри аз тоҷикон боз 70 нафар аз шаҳрвандони Ӯзбакистону Озарбойҷонро ба ҳабс гирифтаанд. Ба гуфтаи онҳо ҳоло дар Тотористон наздик ба 10 ҳазор муҳоҷир бидуни сабтином кору зиндагӣ мекунад.
Ихроҷи муҳоҷирони тоҷик дар ҳоле сурат мегирад, ки Тоҷикистон ва Русия дар мавриди ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирон созишномаи байнидавлатӣ ба имзо расондаанд.
Муҳаммадраҳими Сайдар