Дар додгоҳи шаҳрҳои Конибодом ва Хуҷанд муҳокимаи парвандаҳои ҷиноии ду фард бо иттиҳоми ришваситонӣ шурӯъ гардид. Тӯйчӣ Қиличев - корманди Кумитаи назорати молияи Тоҷикистон аз ҷониби додгоҳи вилояти Суғд барои ситонидани ришва ба маблағи 20 ҳазор доллари амрикоӣ аз сарвари хоҷагии кишоварзии Конибодом бо номи «Ирам» ва аммо Артур Мулкиҷониён - устоди факултаи шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба ғайриқонунӣ гирифтани 20 сомонӣ аз як донишҷӯ муттаҳам дониста шудаанд.
Дар ҷараёни мурофиа гуфта шуд, ки Тӯйчӣ Қиличев - корманди Кумитаи назорати молия моҳи октябри соли 2004 ҳангоми ситонидани ришва ба маблағи 20 ҳазор доллари амрикоӣ аз сарвари хоҷагии кишоварзии «Ирам» боздошт шудааст. Вай ин маблағро замони тафтиши фаъолияти молии хоҷагии «Ирам» бар ивази рупӯш намудани камбудиҳои молии хоҷагӣ аз сарвари он талаб кардааст. Кумитаи назорати молияи Тоҷикистон як мақомест, ки салоҳияти тафтиши фаъолияти молии хоҷагиву муассисаҳои давлатии ин кишварро дорад.
Ва аммо боздошт ва ба маҳкама кашида шудани Артур Мулкиҷониён - устоди собиқадори бахши шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд тақрибан моҳе қабл дар пайи шикояти як шогирдаш сурат гирифта буд. Мавзуна Сулаймонова - шогирди соли сеюми бахши шарқшиносӣ дар ҷараёни мурофиа дар додгоҳи Хуҷанд гуфт, ки вай ба сабаби беморӣ имтиҳонҳои худро саривақт супорида натавонист ва устодонаш барои имтиҳонсупории такрорӣ аз ӯ маблағ хостаанд. Вале вакили дифоъи вай - Равшаной Маҳкамова ба Радиои Озодӣ гуфт, ки амали Артур Мулкиҷониён дар доираи муқаррарароти донишгоҳ, ки барои дафъаи сеюм супоридани имтиҳон аз донишҷӯёнаш 20 сомонӣ талаб мекунад, сурат гирифтааст.
Маъсуми Муҳаммадраҷаб, Хуҷанд