Хадамоти федероли Русия дар назорат бар гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир хабар дод, ки 4 шаҳрванди Тоҷикистон рӯзи якшанбеи 1-уми май дар Маскав бо зиёда аз 50 килограм ҳероин боздошт шуданд. Ин манбаъ мегӯяд, шаҳрвандони Тоҷикистон танҳо ба интиқоли маводи мухаддир машғул буда, дар анбор кардан ва тақсими он шаҳрвандони Русия ва дигар кишварҳо даст доштаанд. Вале аъзои боқимондаи ин шабака ҳанӯз ба даст наафтодаанд.
Хадамоти федероли Русия дар назорат бар гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир мегӯяд, танҳо дар моҳи марти соли равон дар қаламрави Русия беш аз 230 килограм маводи мухаддир кашфу мусодира шуд, ки бахши аъзами он аз Афғонистон ба воситаи кишварҳои шӯравии собиқ, монанди Тоҷикистон ва Қирғизистон ба Русия интиқол ёфтааст.
Иттиҳоди ҷамъиятии "Русияи бидуни маводи мухаддир" дар гузориши худ мегӯяд, дар як соли охир поинтарин синни истеъмолкунандагони маводи мухаддир дар Русия коҳиш ёфта, ҳоло 14 солро ташкил мекунад.