Русия бори дигар талаби додситони кулли Тоҷикистонро рад кард

Додситони кулли Тоҷикистон Бобоҷон Бобохонов мегӯяд, аз изҳороти расмии мақомоти баландпояи додситонии кулли Русия, ки боздошти такрории Муҳаммадрузӣ Искандаровро ва ба Тоҷикистон интиқол додани ӯро як талаби ғайривоқеъӣ шумурдаанд, хабар надорад.
Ин дар ҳолест ки Василий Глушенко як мақоми баландпояи додситонии кулли Русия ахиран норозигии додситонии кулли Тоҷикистонро аз раҳо шудани Искандаров беасос хондааст. Глушенко гуфтааст, ба далели он ки Искандаров аз мақомоти Русия паноҳандагии сиёсӣ хостааст, супурдани ӯ ба мақомоти Тоҷикистон номумкин аст. Намояндаи додситонии кулли Русия ҳамчунин гуфтааст, додситонии Тоҷикистон бе далели кофӣ Искандаровро дар кӯшиши табаддулоти давлатӣ гунаҳгор мекунад.
Раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон Муҳаммадрузӣ Искандаров пас аз чор моҳи ҳабс дар Маскав рӯзи 4-уми апрел бо қарори додситонии кулли Русия озод шуд ва мақомоти Маскав гуфтанд, бо сабаби набуди далелҳои кофӣ натавонистаанд, Искандаровро ба дасти мақомоти Тоҷикистон супоранд. Дар ҷавоб додситони кулли Тоҷкистон ин қарори мақомоти Русияро ғалат номид ва гуфт, Тоҷикистон ба воситаи Интерпол ба ҳабси Искандаров талош хоҳад кард.
Холиқи Сангин