Пайкари раҳбари католикҳои ҷаҳон Ҷон Поли дуюм, ки дар синни 84-солагӣ ин дунёро падруд гуфт, имрӯз 4 апрел ба Калисои Ҷомеъи Пётри Муқаддаси Рум оварда мешавад ва то анҷоми маросими видоъ бо рӯҳонии мӯътабар дар ин калисо хоҳад буд. Кардиналҳо низ имрӯз мулоқот ва замони дафни Ҷон Поли дуюмро, ки қарор аст дар охири ҳафта баргузор шавад муайян мекунанд.
Рӯзи гузашта пайкари Попи Рум дар Ватикан гузошта шуда буд ва дар он ҷо рӯҳониёну мансабдорони олирутба бо ӯ видоъ гуфтанд. Ҷон Поли дуюм пас аз муборизаи тулонӣ бо бемории худ дар синни 84-солагӣ шаби рӯзи шанбе даргузашт.
Раҳбарони кишварҳои ҷаҳон аз нақши ин рӯҳонии мӯътабар ситоиш карданд ва гуфтанд, тайи 26 соли раҳбарӣ ба католикҳои ҷаҳон нерӯе барои сулҳ буд. Аз ҷумла Ҷорҷ Буш - раиси ҷумҳури Амрико ӯро яке аз раҳбарони бузургтарини маънавии таърих ва илҳомбахши миллионҳо нафар дар ҷаҳон хонд.
Маҳфилҳои мухталифи Тоҷикистон бо даргузашти Ҷон Поли дуюм ба фаъолияти ӯ вокуниши мусбат нишон медиҳанд. Ҳикматулло Сайфуллозода - раҳбари дастгоҳи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон бо бузург хондани саҳми Ҷон Поли дуюм дар ба ҳам овардани таммадуни исломӣ ва насронӣ изҳори умедворӣ кард, шахсе, ки акнун раҳбари нави католикҳои ҷаҳон интихоб мешавад, роҳу иқдомҳои Ҷон Поли дуюмро идома медиҳад.