Дар гузориши тозанашри вазорати умури хориҷаи Амрико оид ба саҳми Иёлоти Муттаҳида дар густариши демократия дар ҷаҳон дар соли 2004, роҷеъ ба Тоҷикистон омадааст, дар ҳоле, ки ҳукумат дар дасти як нафар тамаркуз ёфтааст, ҷараёни гузариш ба низоми демократӣ ноҳамвор будааст.
Дар пешорӯи интихоботи порлумонӣ ва раёсатҷумҳурӣ, давлат зоҳиран иқдомотеро барои маҳдуд кардани ҳуқуқи маданӣ дар пеш гирифтааст. Аз ҷумла барои маҳдуд кардани озодии баёни сиёсӣ ва ҳамчунин бастани яке аз ошкорбаёнтарин рузномаҳои мухолифин ва маҳдуд кардани кори созмонҳои ғайдидавлатӣ, ки бархе аз онҳо тавассути Амрико кумаки молӣ дидаанд.
Дар гузориши вазорати хориҷаи Амрико омадааст, ки ин давлат иқдомотеро дар ҷиҳати пешбурди демократия ва кумак ба интихоботи порлумонии моҳи феврали соли 2005 дар пеш гирифтааст. Масалан, кормандони сафорати Амрико ба таври муназзам бо аҳзоби сиёсӣ мулоқот ва ба фаъолиятҳои онҳо ҳангоми ширкат дар интихоботи порлумонӣ таваҷҷуҳ карданд. Ҳамчунин шаш узви порлумони Тоҷикистонро мутобиқи як барномаи байналмилалӣ ба Амрико фиристоданд, то доир ба ҷараёни қоунгузорӣ дар Амрико иттилоот бигиранд.
Дар идомаи ин гузориш, вазорати умури хориҷаи Амрико гуфтааст, ки маблағи мушаххасеро барои пешбурди демократия сарф кардааст. Аз он ҷумла, давлати Амрико дар ҳамкорӣ бо IFES - Бунёди Байналмилалии Низомҳои Интихоботӣ, теъдоди зиёде аз аъзои комиссиюнҳои интихоботии маҳаллиро омӯзиш дод. Ҳамчунин як раҳнамоеро доир ба баргузории интихобот дар ихтиёри аъзои комиссиюни интихобот вогузор кард. IFES ҳамчунин давраҳои омӯзиширо барои шаш ҳизби сиёсии Тоҷикистон доир намуд, то шеваҳои мушорикат дар интихоботро омӯзанд.
Дар миёни бисёр иқдомоти дигаре, ки дар ин гузориш аз онҳо ном бурда мешавад, дифоъи сафорати Амрико аз ҳаққи озодии баён ва озодии матбуот аст, ки гуфта мешавад, аъзои сафорат дар мулоқотҳои мукаррари худ бо мақомоти давлатӣ ва ҳамчунин дар баёнияҳои оммавӣ бар озодии матбуот таъкид доштаанд ва ҳатто дар мулоқотҳои бисёр баладпоя ин мавзӯъ миёни давлати Тоҷикистон ва Амрико матраҳ будааст.
Аз он ҷумла мулоқотҳои байни муовинони вазири хориҷаи Амрико бо раиси ҷумҳур ва вазири умури хориҷаи Тоҷикистон ҳамчунин гуфтӯгу шудааст, ки давлати Амрико дар ҳимоят аз озодии матбуот аз чандин барнома пуштибонии молӣ кардааст, ки тавассути созмони амрикоии Internews иҷро шудаанд. Ва ҳадафи онҳо мусоидат ба рушди матбуоти озод будаст.
Гузориши вазорати умури хориҷаи Амрико бо ситоиш аз талошҳои ҳукумати Тоҷикистон дар муқобила бо қочоқи инсон мегӯяд, дар соли 2004 дар назди вазорати умури дохилаи ин кишвар бахши вижае барои мубориза бо хариду фурӯши инсон таъсис ёфт ва аз он замон то кунун 14 ҳодисаи қочоқи инсон таҳқиқ гардид ва муттаҳамон муҷозот шуданд. Бо ин ҳама, гузориши вазорати хориҷаи Амрико меафзояд, бар асари вазъи мушкили иқтисодӣ ва имкони маҳдуди дарёфти ҷойи кор, бахусус барои занон, шаҳрвандони Тоҷикистон ҳамоно дар баробари қочоқбарони инсон заъфпазир боқӣ мемонанд.