Комиссияи марказии интихоботи Тоҷикистон иттилоъ дод, ки ҳудуди 3 миллон варақаи райъ барои интихоботи порлумони кишварро дар чопхонаи давлатии «Шарқи Озод» интишороти ҳукумати кишвар ба нашр расонда ва ба тақсим намудани онҳо ба ҳавзаҳои интихоботӣ шурӯъ кардааст. Лола Холиқҷонова - намояндаи дафтари матбуоти Комиссияи марказии интихобот ба Радиои Озодӣ гуфт, варақаҳои раъйдиҳӣ бо се забон тоҷикӣ, узбакӣ ва русӣ чоп ва дар онҳо тамоми муқаррароти Қонуни интихоботи Тоҷикистон ба инобат гирифта шудааст.
Аммо Раҳматулло Валиев - муовини раиси Ҳизби Демократи Тоҷикистон дар робита ба нашри варақаҳои раъй мегӯяд, беҳтар буд, агар варақаҳо дар хориҷи кишвар чоп мешуданд, зеро имкони таққалубкорӣ дар ин сурат маҳдуд мегардид: "Бояд варақаҳои раъй якчанд сатҳи ҳимоятӣ дошта бошад ва дар қонуни интихобот омадааст, ки он бештар аз 1 сатҳи ҳимоятӣ дорад. Боварӣ дорам масъулин ба таққалубкорӣ роҳ намедиҳанд, чунки ин интихобот барои мардуми Тоҷикистон тақдирсоз мебошад."
Бар асоси хабари Комиссияи марказии интихобот варақаҳои райъ мавриди санҷиш ва таҳқиқи нозирони байналмилалӣ қарор дошта биноҳое, ки дар онҳо варақаҳо нигоҳ дошта мешаванд, таҳти назорати мақомоти ҳифзи тартибот қарор доранд.
Сафаргул Олимӣ, Душанбе