Бо баргузории конфронсҳои навбатӣ дар Кӯлоб се ҳизб номзадҳои худро барои ширкат дар интихобот ба маҷлисҳои маҳаллӣ пешбарӣ карданд.
Ҳизби наҳзати Исломи Тоҷикистон(ҲНИТ) аз ҷумла номзадии 64 нафарро барои ширкат дар интихобот ба маҷлисҳои маҳаллӣ пешбарӣ кардааст. Ғайрати Абдусамад, раиси ҲНИ дар водии Кӯлоб дар сӯҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, аз ин теъдод 7 кас ба маҷлиси вилоятӣ ва 57 тани дигар барои ширкат дар интихобот ба маҷлисҳои шаҳриву ноҳиявӣ пешбарӣ шудаанд.
Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон (ҲКТ) 18 нафарро аз ҳисоби ҳизбиён ва 2 тан аз афроди маъруфро, ки коммунист набудаанд, ба ҳайси муддаӣ ба курсии вакилӣ дар маҷлисҳои шаҳриву вилоятӣ пешбарӣ кард. Шариф Сафаров, муншии ҲКТ дар Кӯлоб мегӯяд: «Мо 18 нафарро ба маҷлисҳои маҳаллӣ пешбарӣ кардем, рӯйхатро ба комиссияи интихоботии шаҳр пешниҳод мекунем ва боварӣ дорем, ки кумитаи ҳизбии шаҳри Кӯлоб дар нисбат ба интихоботи қаблӣ дар маҷлиси шаҳрӣ бештар ҷо мегирад.»
Ва аммо Ҳизби Демократи Тоҷикиситон (ҲДТ), ки аз ширкат дар интихобот ба Маҷлиси Намояндагон бенасиб монд, танҳо ду нафарро ба маҷлиси маҳаллии шаҳрӣ пешбарӣ кард. Ҳамроҳ Сафаров, сарвари демократҳои минтақа мегӯяд, боздошти Муҳаммадрӯзӣ Искандаров - раиси ҲДТ имконияти ширкат ва пирӯзии ин ҳизбро дар интихобот ба маҷлисҳои маҳаллиро низ маҳдуд кардааст:
Сайёфи Мизроб, Радиои Озодӣ, Кӯлоб