Созмони дидбони ҳуқуқи башар Human Right Watch дар гузориши солонаи худ вазъи ҳуқуқи башарро дар Тоҷикистон шикананда арзёбӣ карда ва мегӯяд, ки сарфи назар аз баъзе ислоҳот, ба шумули қонуни нави интихобот ва таҳрими иҷрои ҳукми қатл, ҳукумат фишорро болои ҳизбҳои сиёсӣ, расонаҳои ғайридавлатӣ ва гурӯҳҳои динӣ давом медиҳад. Ба гуфтаи гурӯҳи Дидбони Ҳуқуқи Башар, кӯшишҳои президент Эмомалӣ Раҳмонов барои таҳкими қудраташ дар интихоботҳои парламентиву президентии соли 2005-ум фазои сиёсиро дар Тоҷикистон харобтар кардаанд.
Дар мавриди ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон, гурӯҳи Дидбони Ҳуқуқи Башар менависад, ки ҳизби Халқӣ - демократии Тоҷикистон таҳти раҳбарии президент Раҳмонов ҳаёти сиёсии кишварро зери нуфузи худ гирифтааст. Тибқи қарордоди соли 1997 дар мавриди тақсими қудрати сиёсӣ, 30 дар сади мақомҳои баланди ҳукумат бояд ба аҳзоби мухолиф дода шавад. Моҳи январи соли 2004-ум Раҳмонов намояндагони аҳзоби дигарро аз мақомҳои давлатӣ сабукдӯш карда, ба ҷои онҳо аъзои ҳизби худро гузошт. Ба ин тариқ, ҳиссаи намояндагони ҳизбҳои дигар дар вазифаҳои баланди давлатӣ то ба 5 дарсад поин шуд. Дар идомаи гузориш омадааст, ки мухолифони Раҳмонов дар муқобили иттиҳомоти бо ҳадафҳои сиёсӣ гузошташуда осебпазир мебошанд. Дидбони Ҳуқуқи Башар дар ин бора мисолҳои мушаххас низ овардааст.
Дар мавриди аҳзоби дигари мухолиф гузоришгарон навиштаанд, ки онҳо бо имконот ва пуштибонии маҳдуди мардум арзи вуҷуд мекунанд. Ба онҳо усулан ҳаққи фаъолият дода шудааст, вале дар амал ба гуфтаи гурӯҳи Дидбони Ҳуқуқи Башар ин ҳизбҳо ҳангоми сабти ном дар вазорати адлия ба монеаҳои ҷиддӣ рӯ ба рӯ мешаванд.
Дидбони Ҳуқуқи Башар ба вижа, интихоботҳои Тоҷикистонро зери танқиди шадид гирифтааст: "На интихоботи раёсати ҷумҳурии соли 1999 ва на интихоботи парламентии соли 2000-ум ҷавобгӯи меъёрҳои байналмилалӣ набуданд. Тибқи баъзе иддаоҳо, назарпурсии умумии моҳи июни соли 2003- ум, ки ба Раҳмонов ҳаққи довталабӣ ба ду мӯҳлати дигари ҳафтсолаи раёсати ҷумҳуриро медиҳад, ҳамчунин аз фиребкориҳо холӣ набуд."
Таҳти танқидҳои оппозитсион ва даъвати созмонҳои байналмилалӣ, ҳукумати Тоҷикистон қонуни интихоботро ислоҳ кард. Вале, ба гуфтаи ин созмон, тарҳи ислоҳшуда низ мавриди танқидҳои зиёд мебошад. Масалан, гирифтани 500 доллар аз номзадҳои интихоботи парламентӣ як монеа дар роҳи вуруди намояндагони оппозиситон ба сабқати парламентӣ арзёбӣ мешавад. Дар мавриди озодиҳои баён дар кишвар гурӯҳи Дидбони Ҳуқуқи Башар менависад, ки сарфи назар аз афзоиши маҳбубияти нашрияҳои мустақил, баёни озод дар Тоҷикистон ҳамоно зери хатар боқӣ мондааст. Дар гузориш омадааст, нашрияҳои мустақил ҳаққи фаъолият доранд, вале чопхонаҳои давлатӣ, аз нашри онҳо худдорӣ мекунанд. Чопхонаи хусусии "Ҷиёнхон" нашри рӯзномаҳои мустақили "Рӯзи Нав", "Нерӯи Сухан", "Одаму Олам" ва "Наҷот"-ро давом дод, вале моҳи август мақомоти расмӣ бо баҳонаи фиребкорӣ дар пардохти молиёт, ё андоз, чопхонаи "Ҷиёнхон"-ро бастанд.
Дар мавриди фаъолияти радио ва телезионҳои мустақил, Гурӯҳи Дидбони Ҳуқуқи Башар навиштааст, ки сабти номи расмӣ монеаи асосии радиову телевизионҳои мустақил мебошад. Бо ин ки ҳамлаҳои ҷисмонӣ ба хабарнигорони мустақил кам шудааст, азият ва озори журналистон ҳамоно мавриди нигаронии ҷиддӣ мебошад. Анҷумани Расонаҳои Мустақил аз моҳи январи соли 2004 ум то кунун 12 мавриди ҳамла ба хабарнигоронро гузориш додааст.
Гурӯҳи Дидбони Ҳуқуқи Башар ҳамчунин тазаккур додааст, ки ҳарду палатаи парламенти Тоҷикистон лағви ҳукми эъдомро тасвиб карданд. Баъди имзои раиси ҷумҳурӣ ин ин ҳуҷҷат ҳукми қонун мегирад. Дар мавриди озодиҳои динӣ дар гузориш омадааст, ки Қонуни асосии Тоҷикистон озодии динро таъмин мекунад, вале мақомот фаъолияти гурӯҳҳои динро зери назорат гирифтаанд. Гурӯҳи Дидбони Ҳуқуқи Башар кӯшишҳои мақомоти Тоҷикистонро дар мавриди мубориза зидди қочоқи занону кӯдакон ситоиш кардааст.
Дар поёни гузориш гурӯҳи ҳуқуқи башар ба робитаҳои хориҷии Тоҷикистон таваҷҷӯҳ кардааст. Дидбони Ҳуқуқи Башар менависад, ки Русия ҳамоно нуфузи худро дар Тоҷикистон ҳифз карда, вале дар ин миён, Тоҷикистон бо Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо низ ҳамкориҳои худро густариш додааст. Аз шурӯъи маъракаи зидди террор дар соли 2001-ум Амрико ба Тоҷикистон таваҷҷӯҳи бештар нишон медиҳад. Соли 2004-ум Иёлоти Муттаҳида ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 50 миллион доллар кӯмак кард. Октябри соли 2004 ум Тоҷикистон қарордоди ҳамкорӣ бо Иттиҳодияи Аврупоро имзо намуд.