Шиносномаи нав ва мушкилоти нав ҳангоми сафар

Муқаррароти равуо таввасути шиносномаҳои хориҷӣ барои сокинони шимоли Тоҷикистон, ки аз хоки Узбакистон убур мекунанд, монеа эҷод кардааст. Салоҳиддин Усмонов, сокини ноҳияи Ашти вилояти Суғд ва муҳассили Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дар Душанбе тасмим гирифтааст, таътили зимистонии худро дар зодгоҳ гузаронад. Аммо мегӯяд ӯ, бо иллати он ки имкони аз тариқи ҳавопаймо ба зодгоҳ сафар карданро надорад ва ҳамчунин роҳи мошингарди ағбаи Анзоб баста аст, иҷборан бояд бо қатора ба ин минтақаи кишвар роҳ пеш гирад.

Қаторҳои Тоҷикистон ҳангоми сафар ба вилояти Суғд аз хоки Ӯзбакистон убур мекунанд ва феълан бе шиносномаҳои хориҷӣ убур аз ин кишвар гузаштан мамнӯъ аст. Салоҳиддин мегӯяд: "Мо ҳозир дар таътил ҳастем, мехоҳам, ки ба зодгоҳам баргардам. Аммо барои сафар кардан ба ман шиносномаи хориҷӣ даркор аст. Вале барои ширифтани шиносномаи хориҷӣ маблағ надорам. Аз ин рӯ бе шиносномаи хориҷӣ маро аз марзи кишварҳои ҳамсоя гузаштан иҷозат намедиҳанд." Салоҳиддин меафзояд, бо чанд нафар ҳамсабақаш, ки низ сокини шимоли Тоҷикистонанд, ба идораи роҳи оҳан барои дастрас намудани чиптаи қатор муроҷиат кардаанд, вале сар аз 1 январ чиптаи қаторҳо ба вилояти Суғд танҳо бо шиносномаҳои хориҷӣ дода мешавад.

Неъматулло Назаров, сардори шӯъбаи равобити хориҷии идораи роҳи оҳани Тоҷикистон бо таъйиди ин ки чиптаҳо танҳо дар сурати доштани шиносномаи хориҷӣ фурӯхта мешаванд, гуфт, ин муқаррароти нав барои идораи роҳи оҳани Тоҷикистон зиёни калон меорад: "Рости гап аз ин паспортҳои хориҷӣ роҳи оҳан зарар мебинад. Мо мусофирони худро аз даст дода истодаем. Ман дар ин маврид дар вазорати корҳои хориҷӣ бо консул сӯҳбат доштам, вале онҷо ба ман гуфтанд, ки бе шиноснома ҳеҷ имкони ба вилояти Суғд аз тариқи роҳи оҳан сафар кардан нест. Вале ин қонунҳои кишварҳои хориҷӣ ҳаст, онҳо иҷрои қонунҳои худро талаб мекунанд."
Ба эътиқоди Неъматулло Назаров, ду рӯз қабл ҳатто чанд нафар роҳбаладони ҷавони қатораҳои роҳи оҳани Тоҷикистонро дар марзи Ӯзбакистон бо иллати надоштани паспорти хориҷӣ ба Тоҷикистон бозпас гардониданд.

Ин дар ҳолест, ки Миродил Абдураззоқов, консули сафорати Ӯзбакистон дар Тоҷикистон мегӯяд, нафароне, ки таввасути қатор ба шимоли Тоҷикистон бо роҳи транзитии Ӯзбакистон сарфар карданианд, бар асоси созишномаи миёни кишварҳои узви Иттиҳоди давлатҳои мустақил бояд бо худ шиносномаи хориҷӣ дошта бошанд: "Он муҳассилине, ки аз шимоли Тоҷикистон дар Душанбе таҳсил мекунанд, онҳо ҳангоми сафар ба ин минтақа бояд ҳатман шиносномаи хориҷӣ дошта бошанд. Онҳо дар ин сурат бидуни виза метавонанд ба зодгоҳи худ ва аз он ҷо ба Душанбе баргарданд."

Оқои Абдураззоқов меафзояд, шаҳрвандони Ӯзбакистон мушкили шиносномаи хориҷӣ надоранд, яъне онҳо як шиноснома доранд ва ҳам дар хориҷ ва ҳам дар дохил баробар мавриди истифода қарор мегирад. Ӯ мегӯяд, феълан сокинони Тоҷикистон ба мушкили шиносномаҳои хориҷӣ мувоҷеҳанд ва мақомоти ин кишвар бояд сари ин мушкили сокинон андеша намоянд. Ин дар ҳолест, ки сафари сокинони дигар манотиқи Тоҷикистон ба шимоли кишвар дар бештарин маворид аз тариқи қатор бо роҳҳои транзитии ҷамоҳири Ӯзбакистон ва Туркманистон сурат мегирад ва ҳамчунин роҳи ягонаи камхарҷу мувофиқ номбар мешавад.
Барот Юсуфӣ, Душанбе