Дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои ширкат дар нахустин Бозиҳои бонувони варзишгари пойтахтҳои кишварҳои исломӣ ва Осиё омодагӣ мегирад. Бино ба иттилои Муҳаммадшоҳ Абдуллоев, дабири кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ин бозиҳо аз 23-юм то 30-юми январ дар Теҳрон, пойтахти Ҷумҳурии Исломии Эрон, баргузор хоҳад шуд.Ба барномаи бозиҳо 14 навъи варзиш шомил аст. Занони варзишкори Тоҷикистон дар панҷ намуд - варзиши сабук, каратэ-до, таеквондо, тенниси рӯи миз ва тирандозӣ рақобат хоҳанд кард. Миёни онҳо варзишгардухтарони машҳури тоҷик, каратечӣ Нигора Тӯраева, таэквондочӣ Таҳмина Исомова, тирандоз Сурайё Ҷумъаева, давандаҳо Дилафрӯз Додобоева ва Мавҷуда Ҳайдаралиева ҳастанд.
Ба гуфтаи Муҳаммадшоҳ Абдуллоев дар ин бозиҳо ҳамчунин ширкати варзишгарзанони маъюби тоҷик дар навъи тенниси рӯи миз дар назар аст.
Нарзуллоҳи Латиф, Душанбе
Ба гуфтаи Муҳаммадшоҳ Абдуллоев дар ин бозиҳо ҳамчунин ширкати варзишгарзанони маъюби тоҷик дар навъи тенниси рӯи миз дар назар аст.
Нарзуллоҳи Латиф, Душанбе