Аъзам Мирзоев - раиси Маркази мубориза бо СПИД дар Тоҷикистон мегӯяд, огаҳии мардуми ин кишвар доир ба мавҷудият ва хатари ин бемории кушанда афзудааст ва далел меорад, ки тайи як моҳ қариб се ҳазор нафар барои ташхис ба ташхисгоҳи ин марказ муроҷиат кардаанд. Дар Тоҷикистон тибқи омори расмӣ 317 нафар гирифтори ангезандаи бемории СПИД шудаанд, вале тибқи оморҳои ғайрирасмӣ шумораи ҳомилони вируси ин беморӣ аз 3 то 5 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.
Аъзам Мирзоев мегӯяд, шояд ин рақам иштибоҳ набошад, зеро ба гуфтаи вай аксари беморон аз бими он, ки атрофиён аз онҳо ҳазар накунанд, бемориашонро пинҳон медоранд. Дар ҳамин ҳол як сокини шаҳри Душанбе, ки худро Шариф Нуралиев муаррифӣ кард, ба Радиои Озодӣ гуфт, яке аз шиносҳои вай, ки тӯли панҷ сол дар Русия мардикорӣ кардааст, дар баробари тӯҳфаҳои дигар барои ҳамсари худ вируси СПИД-ро низ ба истилоҳ "ҳадя" овардааст: "Як ҳамсари ошнои маро духтуро бурда тафтиш карданд. Ва ниҳоят маълум карданд, ки ин беморӣ ба ӯ аз шавҳари мардикораш сироят кардааст."
Дар миёни мардуми ин маҳалла ба гуфтаи оқои Нуралиев, овозаи бемории ин мард паҳн гаштааст ва ҳамсари ӯ ним сол боз аз хонаи хеш берун намеояд. Аъзам Мирзоев раиси Маркази мубориза бо бемории СПИД дар Тоҷикистон гуфт, маркази онҳо барои табобат ва назорати беморони гирифторони вируси беморӣ ба кӯмаки созмонҳои хориҷӣ ниёз дорад.
Сафаргул Олимӣ, Душанбе