Андрей Шугуров, иҷрокунандаи вазифаи сафири Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо дар Тоҷикистон гуфт, сокинони вилояти Хатлон имкон пайдо карданд, дар стендҳои рӯзномаовезӣ ахбору гузоришҳои матбуоти марказии кишварро мутолиа намоянд. Ба гуфтаи оқои Шугуров, Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо дар маркази шаҳру навоҳии вилояти Хатлон чандин стенд ё гушаҳои рӯзномаовезӣ гузоштааст, ки ҳар ҳафта нашрияҳои тоза дар онҳо овехта мешаванд.
Вай афзуд, вазъи матбуот ва дастрасии мардуми Хатлон ба иттилоот ташвишовар аст, аз ин рӯ, Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо тибқи нақша дар ин гӯшаҳо нашрияҳои «Азия Плюс», «Тоҷикистон», ва рӯзномаҳоеро мегузорад, ки иттилооту гузориши зиёд доранд. Ба гуфтаи дипломати аврупоӣ, мақсад аз таъсиси ин гӯшаҳо, огаҳии мардуми вилоят аз ахбори тозаи рӯз дар арафаи интихоботи қариблувуқӯъ ва пайдо кардани маълумоти бештаре доир ба интихобот ва номзадҳо ба вакилони парлумони Тоҷикистон аст.
Барот Юсуфӣ, Қурғонтеппа