Соҷидаи Мирзо
Руссия ва Тоҷикистон барои қонунӣ намудани иқомати беш аз 500 ҳазор муҳоҷири тоҷик дар қаламрави Руссия иқдом мекунанд - гуфт Андрей Черненко, раиси Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия ва афзуд, кишвараш шакли соддаи убури марзро ҷорӣ хоҳад кард ва феҳрасти асноди зарурӣ барои вуруд ба Русияро коҳиш хоҳад дод. Ҷаноби Черненко, ки як ҷо бо вазири умури дохилии Русия Фарид Нургалиев дар нишасти муштараки вазоратҳои дохилаи ҳар ду кишвар дар шаҳри Душанбе иштирок мекард, шарҳ дод, Тоҷикистон то ҳол чаҳор ҳазор шаҳрванди худро, ки дар солҳои ахир вориди Русия шудаанд, бо шиносномаи хориҷӣ таъмин кардааст. Ин дар ҳолест, ки мутахассисон теъдоди муҳоҷирони кории тоҷик дар қаламрави Русияро аз 500 то 800 ҳазор арзёбӣ мекунанд- гуфт Андрей Черненко, раиси Хадамоти муҳоҷирати Русия. Вай имкони депортатсия ва ё ихроҷи шаҳрвандони бепаспортро рад кард ва гуфт, талабот ба нерӯи муҳоҷирони кориро талаботи иқтисодӣ муайян хоҳад намуд.
Аммо нукоти аслии ин созишнома аз чӣ иборат аст ва аз ин ба баъд чӣ сабукиҳоеро метавон дар фаъолияти муҳоҷирони корӣ интизор шуд? Ин мавзӯъро Бой Раҷабов - раиси Хадамоти кор бо муҳоҷирони кории вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Тоҷикистон чунин шарҳ медиҳад: "Имзо шудани созишномаи мазкур албатта барои муҳоҷирони корӣ сабукиҳо меорад. Пеш аз ҳама ҳуқуқи онҳо дар онҷо ҳимоя мешавад. Акнун субъектҳои хоҷагидоре, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои интиқоли қувваи кории хориҷӣ сару кор доранд, онҳо метавонанд, ки бо кордиҳандагони Русия ба ҳамин созишнома такя карда, шартнома банданд ва шаҳрвандони моро ба таври расмӣ дар он ҷо бо кор таъмин намоянд."
Гуфтугӯҳое бо ин нармӣ аз ҷониби мақомоти Русия, ки дар гӯши муҳоҷирони кории тоҷик ва хонаводаҳои чун навои форами най садо медиҳад, баъди сафари президенти Русия ба Тоҷикистон ва имзои як қатор созишномаҳо, аз ҷумла ифтитоҳи пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон ва созишномаи танзими муҳоҷирати корӣ имконпазир гардид. Ифтитоҳи пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон ба сарнавишти муҳоҷирон ба гунаи ҳамон чӯби сеҳрноке таъсир мегузорад, ки бо як ҷумбонидани он метавон дардноктарин мушкилотро аз байн бурд. Муҳоҷирони кории тоҷик, ки бахти худро дар он кишвар чандин бор санҷидаанд ва аз ноилоҷӣ ба Тоҷикистон баргаштаанд, ба натоиҷи созиши Русияву Тоҷикистон то андозае хушбин шудаанд.
Аммо аксар мутахассисон ба ин санад хушбинии эҳтиёткорона доранд. Ва ин мавқеъ низ беасос нест. Зеро мегӯянд онҳо, полиси Русия, ки дар тӯли 10 соли ахир ризқу рӯзии худро дар заҳмати муҳоҷирон, аксаран муҳоҷирони кории тоҷик пайдо карда буд, гумон намеравад, ки бо як санад аз шеваи қадимӣ даст кашад. Ин ҳам дар ҳолест, ки чанде пеш Думаи давлатии Русия бо қабули як санад шаҳрвандонро аз сарпаноҳ додан ба муҳоҷирони ғайриқонунии корӣ ҳушдор дод ва мӯҳлати ҷазо ба онҳор то ду соли маҳбас муқаррар кард.