Владимир Путин - раиси ҷумҳури Русия пас аз боздид аз Душанбе дарзамон бо мақомоти кишвари худ мулоқот кард ва натиҷаҳои боздиди панҷрӯзаи хешро аз Чин ва Тоҷикистон арзишманд хонд. Вай бо ишора ба имзои созишномаҳои ҳамкорӣ бо Чин ва Тоҷикистон гуфт, кишвараш ба он натоиҷи матлуб, ки мехост, даст ёфт. Вай ташкили пойгоҳи низомӣ дар Тоҷикистонро яке аз муҳимтарин натоиҷи ин боздид донист. Владимир Путин гуфт, ҳамроҳ бо пойгоҳи низомии ҳавоӣ дар Канти Қирғизистон, пойгоҳи низомӣ дар Тоҷикистон ду ҳалқаи як занҷири амниятӣ дар минтақа хоҳад буд.
Дар муқобил ба он, ки Владимир Путин ҳузури низомии кишвари худро сангар дар муқобили терроризм ва қочоқи маводи мухаддир меномад, рӯзномаи "Комсомолская Правда" чопи Маскав менависад: "Осиёи Марказӣ ҳамеша муҳимтарин минтақаи манофеъи сиёсӣ, иқтисодӣ ва низомии Русия буд ва хоҳад монд, вале ахиран Амрико ва ёрони вай дар НАТО Русияро танг кардаанд. Пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон бо шумули 7 ҳазор сарбози қарордодӣ як мушти қавӣ барои манофеъи Русия берун аз кишвар аст."
Ҳамзамон рӯзнома меафзояд: "Русия саҳмияи нерӯҳои барқи Сангтӯдаро ба даст овард ва оне, ки дар Осиёи Марказӣ манобеъи энержӣ ва захоири обиро таҳти назорат дорад, ҳама чизро дар даст хоҳад дошт. Дар Пекин сиёсат барои боз кардани дари иқтисодии Русия дар Чин кӯмак кард, дар Душанбе фишанги сирф иқтисодӣ Русияро дар Осиёи Марказӣ ба сатҳи баланди сиёсие бардошт, ки ҳатто дар замони шӯравӣ надошт.
Муҳаммадраҳими Сайдар аз шаҳри Маскав