«Авиатор» - и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - дастаи футболи лигаи олӣ барандаи Ҷоми футболи Тоҷикистон дар соли 2004 - ум шуд. Ин даста дар бозии ниҳоӣ, ки рӯзи сешанбе 5 -уми октябр дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе дар ҳузури 5 ҳазор тамошобин сурат гирифт, дастаи "Ӯротеппа"- и Истаравшанро бо ҳисоби 5 бар 0 шикаст дод. Нахуст шуда ҳамлагари "Авиатор" Мансур Ҳакимов муваффақ гашт. Вай тӯбро аз масофаи панҷ метр ба ҳадаф расонд. Голи дуюм низ ба ӯ мутааллиқ аст. Мансур дар дақиқаи 55-уми бозӣ бо тӯб ба ҷаримагоҳ ворид шуд ва бо зарбаи сахт ҳисобро тағйир дод.
Сипас дар муддати даҳ дақиқа Анвар Норқулов - капитани "Авиатор" баъди иҷрои зарбаи ҷаримавӣ аз масофаи тақрибан 20 метр ду голи мушобеҳ зад. Ва ниҳоят дар дақиқаи охирини бозӣ Асадулло Бобоҷонов голи панҷумро аз масофаи наздик ба нишон расонд. Ба ин тартиб "Авиатор" бори нахуст соҳиби Ҷоми футболи Тоҷикистон шуд. Шариф Назаров - сармураббии ин даста дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ба пирӯзии шогирдонаш дар бозии ниҳоӣ бовар дошт, зеро онҳо ба ин бозӣ омодагии ҷиддӣ дида буданд ва вазифаи ба зимма гирифтаашонро ба ҷо оварданд. Мусобиқот барои дарёфти Ҷоми футболи Тоҷикистони соҳибистиқлол аз соли 1992 инҷониб доир мешавад ва "Авиатор" даҳумин дастаест, ки барандаи Ҷоми футболи ин кишвар гаштааст.
Нарзуллоҳи Латиф аз шаҳри Душанбе