Вазорати энержии Тоҷикистон сар аз моҳи октябри соли ҷорӣ реҷаи интиқоли маҳдуди нирӯи барқро дар навоҳӣ ва вилоёти кишвар оғоз намудааст. Бино ба гуфтаи масъулини вазорати мазкур, аз рӯи реҷаи маҳдуд додани қувваи барқ дар пайи тасмими ахири ҳукумати Тоҷикистон иттихоз шудааст ва аз ибтидои моҳи равон ин қарор ба ғайр аз шаҳри Душанбе дар соъири шаҳру навоҳии ин кишвар ба таври ҳатмӣ мавриди иҷро қарор мегирад. Мувофиқи ин қарори ҳукумати Тоҷикистон, ҳамакнун берун аз пойтахти он, шаҳри Душанбе ҳамарӯза субҳ 2 соат ва бегоҳӣ ҳамагӣ ба муддати 3 соат ба мардум қувваи барқ дода мешавад.
Сармуҳандиси ҷамъияти саҳҳомии "Барқи Тоҷик" Шодмон Хушов дар робита ба шурӯъи мавсими интиқоли маҳдуди барқ дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон 4 октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ба таври маҳдуд додани барқ дар навоҳиву вилоёти кишвар то 1 майи соли 2005 идома меёбад. Маҳдуд шудани интиқоли барқ дар Тоҷикистон дар ҳоле аз сар гирифта мешавад, ки мардуми умдатан мусулмони ин кишвар дар остонаи моҳи мубораки Рамазон қарор доранд. Бо таваҷҷӯҳ ба ин интизор меравад, мардум, ба хусус афроди рӯзадор дар ин моҳ бинобар камбуди барқ ва ҳамчунин газ бо мушкилот дар кори пухтупаз ва тайёр намудани ғизо рӯ ба рӯ гарданд. Ин дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмонов, раисҷумҳури Тоҷикистон ахиран дар ҷаласаи ҳукумат аз масъулини вазорати энержии кишвар хостааст, интиқоли пурраи барқу газ ба мардумро дар давраи Рамазон таъмин намоянд.
Сармуҳандиси "Барқи Тоҷик" гуфт, то ҳол дар ин замина қарори махсуси ҳукумат қабул нашудааст, вале ба гуфтаи вай, интизор меравад дар моҳи Рамазон ба лимити муайяншудаи тавзеъи барқ 1 ё 2 соат афзуда шавад. Тоҷикистон ҳамасола дар фаслҳои тирамоҳ ва зимистону баҳор бинобар паст шудани сатҳи оби обанборҳо бо камбуди шадиди нерӯи барқ рӯ ба рӯ мегардад ва дар ин давра умдатан бештари нирӯи барқи мавриди ниёзи худро аз ҷумҳурии ҳамсояи Узбакистон харидорӣ менамояд.
Холиқи Сангин аз шаҳри Душанбе