Дастаи футболи "Регар - ТадАЗ" - и Турсунзода дар бозии даври 22-юми мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ дар меҳмонӣ дастаи "Авиатор"- и ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро бо ҳисоби 3 бар 0 шикаст дод. "Вахш"- и Қӯрғонтеппа низ дар сафар бар дастаи "Сафарбек Каримов"- и ноҳияи Хуросон бо ҳисоби 12 бар 0 пирӯзӣ ба даст овард. Воқеан дар ин бозӣ ҳамлагар Назир Ризомов панҷ гол зад ва дар рақобати нишонзанҳои беҳтарини мусобиқот дар ҷойи аввал қарор гирифт. Вай ба дарвозаи рақибонаш ҳамагӣ 23 тӯб задааст.
"Хуҷанд"- и Хуҷанд бозиро дар майдони худ бо дастаи БДА -Бозрасии давлатии автомобилии Душанбе бо ҳисоби 0 бар 0 анҷом дод. "Ӯротеппа"- и Истаравшан дар майдони худ бар ЦСКА - и Душанбе бо ҳисоби 1 бар ҳеҷ ғалаба кард. Дидори дастаҳои "Данғара"- и Данғара ва "Олимп-Ансол" - и Кулоб бо натиҷаи мусовӣ 2 бар 2 ба поён расид.
Ба ин тартиб "Регар-ТадАЗ" бо 51 хол дар садри ҷадвали бозиҳо қарор дорад. "Вахш" бо 48 хол дар зинаи дуввум ҷойгир аст. Авиатор бо 41 хол ҷойи саввумро ишғол мекунад. Ин се дастаи пешсаф довталабони аслии унвони қаҳрамони футболи Тоҷикистон махсуб мешаванд.
Муҳаммадҷон Ҳабибуллоев - сармураббии дастаи "Регар-ТадАЗ" - қаҳрамони секаратаи футболи Тоҷикистон мегӯяд: «Дар таърихи футболи ҷумҳурӣ ягон даста чаҳор маротиба қаҳрамон нашудааст ва мо тамоми қувваю қудрате, ки дорем барои ғалаба дар мусобиқоти имсола сафарбар хоҳем кард.»
Даври 23 - юми мусобиқот рӯзи чоршанбе 15-уми сентябр бо бозии "Хуҷанд" ва "Регар-ТадАЗ" шурӯъ хоҳад шуд. Ва хабари дигари вар боз як хабар барои ҳаводорони футбол. Бино ба иттиллоъи Шавкат Аҳмадов - масъули Федератсияи футболи Тоҷикистон Йозеф Блаттер президенти ФИФА (FIFA) рӯзи ҷумъа 17-уми сентябр ба Душанбе меояд. Вай афзуд ташрифи Йозеф Блаттер ба Тоҷикистон дар чаҳорчӯби барномаи сафари раҳбари ташкилоти ҷаҳонии футбол ба кишварҳои Осиёи Марказӣ сурат мегирад ва ӯро дар ин сафар Муҳаммад Бин Ҳаммом - раиси Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) ҳамроҳӣ хоҳад кард.
Нарзуллоҳи Латиф аз шаҳри Душанбе