Раиси ҷумҳури Тоҷикистон зимни табрики мардуми кишвараш ба муносибати 13-умин солгарди истиқлоли кишвар гуфт, давлати Тоҷикистон ширкати фаъолро дар муборизаи муштарак бо таҳдидҳои глобалӣ, аз қабили терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, қочоқи силоҳ ва ҷиноятҳои муташаккилонаи трансмиллӣ аз самтҳои афзалиятноки сиёсати байналмилалии худ медонад.
Эмомалӣ Раҳмонов ҳамчунин қочоқи маводи мухаддирро аз ҷумлаи авомили таҳдидбарангез ба амнияти Тоҷикистон ва кишварҳои дигар номид ва бори дигар хостори таъсиси як эътилофи байналмилалӣ зидди қочоқи маводи мухаддир шуд.
Эмомалӣ Раҳмонов гуфт, Тоҷикистон дар нахустин солҳои истиқлолият вориди як ҷанги шаҳрвандӣ шуд ва афзуд аз он замон ҳамеша бо хатари тундгароӣ, терроризм ва қочоқи маводи мухаддир ва қочоқи силоҳ рӯ ба рӯ буд. Ва аммо бахши аъзами суханронии президент Раҳмонов ба масоили иқтисодии Тоҷикистон бахшида шуда буд.
Эмомалӣ Раҳмонов аз ҷумла гуфт, қарор аст дар зарфи чанд моҳи соли равон ва дар оғози соли оянда барномаҳои муҳими иқтисодӣ марбут ба бунёди шоҳроҳҳо ва баҳрбардорӣ аз манобеъи обу барқи Тоҷикистон рӯи даст гирифта шавад: "Аллакай шартномаҳои қарзӣ ба имзо расидаанд ва худи ҳамин сол қисмати якуми роҳ аз шаҳри Ваҳдат то Нуробод дар масофаи 120 километр шурӯъ мегардад."
Эмомалӣ Раҳмонов дар хотимаи суханронӣ гуфт, Тоҷикистон ба хотири таҳкими сиёсати иқтисодӣ дар роҳи иқтисоди бозаргонӣ гомҳои муҳиме мебардорад ва дар марҳилаи шомил шудан ба Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат қарор дорад.
Мирзонабии Холиқзод аз шаҳри Душанбе