Додгоҳи Олии Тоҷикистон се узви як гурӯҳи созмонёфтаи ҷиноиро бо ҷароими одамкушӣ, сӯиқасд, гаравгонгирӣ, таҷовуз ба ҳаёти ходими давлатӣ, ҳифзу истифодаи ғайриқонунии силоҳи оташфишон ба 25 соли зиндон маҳкум кард. Назархудо Карамхудоев - додраси додгоҳ гуфт, Бахтиёр Давлатов, Хуршед Воҳидов ва Ҳабибуло Раҳматуллоев тайи солҳои 1996 - 2002 дар Душанбе, навоҳии атрофи он ва дар шаҳри Қарағандаи Қазоқистон бо фармоиш се шаҳрванди Тоҷикистон, аз ҷумла ду ходими милиса ва ду табааи Қазоқистонро куштаанд.
Додрас афзуд, онҳо соли 1998 тифли як сокини ноҳияи Кофарниҳон Ваҳдати имрӯзаро гаравгон гирифта, бар ивази ҷони ӯ 300 ҳазор доллари амрикоӣ талаб кардаанд: "Бачаи панҷсоларо мегиранд, мунтазири пул 11 моҳи пурра кӯдакро нигоҳ медоранд, баъд дар ивази 20 ҳазор доллар кӯдакро медиҳанд".
Қозии Додгоҳи Олии Тоҷикистон афзуд, гурӯҳи мазкур барои анҷоми 21 ҷиноят, аз ҷумла одамкушӣ бештар аз 200 ҳазор доллар ба даст овардааст. Ба қавли вай, онҳо асосан бар ивази пул, даст ба ҷиноят мезадаанд.
Аз ҷумла куштори як нафар тоҷири қазоқ ва ронандаи ӯро дар шаҳри Қарағанда шимоли Қазоқистон дар соли 1999 бар ивази сӣ ҳазор доллари амрикоӣ ва ҳамчунин сӯиқасд ба ҷони Пирмуҳаммад Солиев сардори шӯъбаи вазорати амният дар ноҳияи Ваҳдатро бо фармоиши яке аз пайвандони Бахтиёр Давлатов ба иҷро расонидаанд.
Роҳбари ин гурӯҳ Бахтиёр Давлатов ва дуи дигар дар моҳи январи соли 2003 дар пойтахт шаҳри Душанбе боздошт шуданд ва ҳангоми муқовимат як ходими амниятиро низ захмӣ кардаанд.
Аммо Нурулло Каримов вакили мудофеи Бахтиёр Давлатов гуфт, далоили додгоҳ ҷиҳати гунаҳкорсозии нафари зери ҳимояташ кофӣ нест. Ва аз сӯи дигар вазъи сиҳатии нафари ӯро, ки мариз аст, ҳангоми муҳокима ба инбот нагирифтаанд. Аз ин хотир ӯ ва шахси зери ҳимояташ аз болои ҳукм ба додгоҳи таҷдиди назар ва ё аппелятсионӣ шикоят кардаанд. Вале ба гуфтаи Назархудо Карамхудоев, қозии Додгоҳи Олии Тоҷикистон, баъди муоинаи тиббӣ Бахтиёр Давлатов солим дониста шудааст.
Абдуқайюми Қайюмзод аз шаҳри Душанбе