Мақомоти вазорати даромад ва пардохтҳои Тоҷикистон зимни як нишасти хабарӣ иддаои дар заминаи сиёсӣ басташудани чопхонаи хусусии мавсум ба "Ҷиёнхон"- ро рад карданд. Чопхонаи хусусии "Ҷиёнхон" танҳо чопхонае, ки нашрияҳои мустақили "Нерӯи Сухан", "Рӯзи Нав" ва "Наҷот" нашрияи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистонро мунташир мекард, дар ду ҳафтаи қабл ба иллати аз теъдоди расмӣ бештар мунташири кардани "Нерӯи Сухан" аз сӯи ходимони полиси андози кишвар баста шуд.
Ҳусейн Оқилов - сардори раёсати вазорати даромад ва пардохтҳои Тоҷикистон гуфт, бозрасии фаъолияти чопхонаи "Ҷиёнхон" тибқи дастури корӣ сурат гирифтааст ва тобиши сиёсӣ додан ба тафтишот нодуруст аст: "Шумо мӯътақидед, ки чун аз тавзеъи "Нерӯи Сухан" ҷилавгирӣ ва ба дари чопхонаи "Ҷиёнхон" мӯҳр зада шуд, пас аз сиёсат кор гирифта мешавад, аммо мо танҳо вазифа ва масъулияти худро ба иҷро расонидаем."
Аммо дар ҳамин ҳол Ҳусейн Оқилов дар посух ба хабарнигори Радиои Озодӣ гуфт, ки то кунун далели
пинҳон доштани молиёт аз сӯи ин чопхонаро дар даст надоранд.
- Оё намешавад, ки дар ҷараёни тафтиш ин чопхона фаъолият кунад, ё ки ҳатман бояд баста шавад?
- Марҳамат, марҳамат.
- Шумо, ки ба дари ин чопхона мӯҳр задаед?
- Марҳамат Ҷамъияти Масъулияташ Маҳдуди "Ҷиёнхон" фаъолияташро давом бидиҳад, ҳеҷ кас барои фаъолияти иқтисодӣ, ё тиҷоратӣ пеши роҳи вайҳоро нагирифтаст, фақат ин бинои иморат маҳкам карда шудааст."
Ҷаноби Оқилов гуфт, тибқи қонун онҳо муваззафанд дар муддати понздаҳ рӯз таҳқиқоти фаъолияти чопхонаи "Ҷиёнхон"- ро ба анҷом бирасонанд. Вай гуфт, полиси андоз ҳуқуқи ҷилавгирӣ аз интишори минбаъдаи "Нерӯи Сухан" ва дигар нашрияҳоро надорад. Вале нусхаҳои боздоштшудаи шумораи ахири ҳафтанома то хатми марҳалаи тафтишот ба идораи нашрия бозгардонида нахохад шуд. Ба гуфтаи ҳамин манбаъ, агар маблағи аз молиёт пинҳондоштаи "Нерӯи Сухан" бештар аз 35 ҳазор сомониро ташкил диҳад, алайҳи ин нашрия парвандаи ҷиноӣ ифтитоҳ мешавад.
Замоне, ки гузориш омода мешуд, масъулини ҳафтаномаи "Адолат", нашрияи Ҳизби Демократии Тоҷикистон иттилоъ доданд, чопхонаи мавсум ба "Карим Қодирӣ" - макони нашри ин рӯзнома баъд аз зӯҳри рӯзи 27 август аз сӯи кормандони додситонӣ тафтиш ва ба дари он мӯҳр зада шудааст.
Абдуқайюми Қайюмзод аз шаҳри Душанбе