Дар шаҳри Маскав пулис як муҳоҷири тоҷикро дар метро аз даҳонаш парронд. Муҳоҷири 20-солаи тоҷик, ки дар як бозори чӯбу тахта ҳаммолӣ мекардааст, ҳоло дар бемористони рақами 1 шаҳри Маскав таҳти табобати табибон қарор дорад. Навбатдори беморхона ба Радиои Озодӣ хабар дод, айни ҳол дарди бемор таскин ёфтааст ва ҳарораташ ҳам мӯътадил мебошад.
Маҷрӯҳ дар бахши дандонпизишкӣ хобонида шудааст. Ба гуфтаи пизишкон тире, ки ба даҳони вай парронда шудааст, аз гардан гузашта, аз шона берун рафтааст. Устухони манаҳ реза-реза ва рагҳои гардан зарар дидаанд.
Ба қавли Рустам пулис вайро дар метро ба гуноҳи бебилетӣ гирифт. Вай мегӯяд: "Бар илова регистрасия надоштам. Ҷарима талаб кард. Пул ҳам надоштам."
Пулиси муҷрим боздошт шудааст ва таҳти тафтиш қарор дорад. Аслу насаби вай ба манофеъи бозрасӣ эълом нашудааст. Бозрасӣ додситонии метрои Маскав далели аз силоҳи оташфишон захмӣ шудани шаҳрванди Тоҷикистонро дар сӯҳбат бо хабарнигорон таъйид намуд, вале бо худдорӣ аз тавзеҳи ҷузъиёти ҳодиса гуфтаҳои ҷабрдидаро такзиб карда гуфт: "Ҳодиса на он гуна буд, ки ҷабрдида мегӯяд."
Гуфта мешавад, ривояти пархоши муҳоҷир бо пулис ва тири дайду низ баррасӣ мешавад. Аммо дар сафорати Тоҷикистон дар Маскав ба тафтиши мунсифонаи ҳодиса умед доранд. Сухангӯи сафорат Муҳаммади Эгамзод мегӯяд: "Ин ҳодисаи ҷинояӣ таҳти назорати сафорати Тоҷикистон дар Русия қарор дорад. Сафорат умед дорад, ки итминон дорад, органҳои ҳифзи ҳуқуқи Маскав ин ҳодисаро ба пуррагӣ бозрасӣ намуда, ҷинояткор ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида мешавад."
Лозим ба ёдоварист, ки соли гузашта чанд тан пулиси ноҳияи Митишии шаҳри Маскав дар талаби пул як шаҳрванди Тоҷикистонро куштанд ва чанд нафарро захмӣ кардаанд. Онҳо боздошт шуданд, вале аз анҷоми тафтиш ба сафорати Тоҷикистон дар Маскав ҳанӯз хабар нарасидааст.
Дар ҳошияи паронида шудани шаҳрванди бистсолаи Тоҷикистон аз сӯи пулиси Маскав рӯзномаи "Московский Комсомолец" чопи Маскав менависад: "Тайи соли равон ин саввумин ҳодисаи кирдори худсаронаи пулиси Маскав, аз ҷумла истифодаи силоҳ дар муқобили одами бесилоҳ мебошад ва ба муҷримон то 15 сол зиндон таҳдид мекунад."
Муҳаммадраҳими Сайдар аз шаҳри Маскав