Дар доираи бозиҳои интихобии Ҷоми ҷаҳонии футбол тими миллии Сурия рузи панҷшанбе дар бозии такрорӣ дастаи мунтахаби Тоҷикистонро бо ҳисоби 2 бар 1 шикаст дод. Нахуст шуда дар бозии мазкур ҳамлагари тоҷик Шуҳрат Ҳомидов ҳисобро кушод. Вай дар дақиқаи 34-ум зарбаи озодро моҳирона истифода бурда, сипари дарвозабон Маҳмуд Каркарро рахна кард. Аммо дар қисмати дуюми бозӣ ҳамлагар Яҳё-ал Рашид дар дақиқаи 67-ум аз масофаи 20 метр тубро ба дарвозаи тими миллии Тоҷикистон равона кард ва ба ҳадафаш расид. Қабл аз 10 дақиқаи хотимаи бозӣ, бори дигар тақдир ба рӯи соҳибони майдон хандид ва Роҷа Рафеъӣ нимҳимоятгари дастаи Сурия бо сар тубро вориди дарвозаи дастаи Тоҷикистон кард. Рӯзи панҷшанбе бинобар ду маротиба қатъ шудани қувваи барқ дар ҷараёни бозӣ, рақобати дастаҳои ду кишвар то поён идома накард ва Федератсияи Байналмилалии Футбол ФИФА натиҷаи ин бозиро, ки се бар як ба ҳисоби соҳибони майдон буд бекор намуд ва дастур дод, то бозии такрорӣ баргузор шавад.