Бозии Тоҷикистону Сурия дар Димишқ бо ҳисоби 1:3 ба фоидаи Сурия, аммо бо ду бор қатъ шудани нирӯи барқ ва майдонро тарк кардани доварон нотамом боқӣ монд. Маълум нест, ки ФИФА ин бозиро ба ҳисоб хоҳад гирифт ё бозии такрорӣ хоҳад фармуд ва ё ба сифати ҷаримаи тарафи Сурия онро ба ҳисоби 2 : 0 ба фоидаи Тоҷикистон эълон хоҳад кард.
Баъд аз ду тӯби задаи суриягиҳо барқ хомӯш шуд ва ин танаффус 19 дақиқа давом кард. Бо шурӯъи дубораи бозӣ, дар шаш дақиқаи аввали он ҳуҷумкунандаи дастаи яккачини Тоҷикистон Акмал Холматов тӯбро ба тӯри дарвозаи Сурия фиристод ва баъди ин боз барқ хомӯш гашт. Пас аз 45 дақиқаи интизорӣ доварони бозӣ майдонро тарк карданд ва бозингарон низ.
Дар ҳамин ҳол, Баҳрайн дар майдони худ дастаи миллии Қирғизистонро ба ҳисоби 5:0 шикаст дод.