Дар шоҳроҳи Душанбе - Хуҷанд ахиран 69 кило ҳероин кашф ва мусодира шудааст. Ба иттилоъи идораи умури дохилаи вилояти Суғд, чунин микдори бузурги маводи мухаддир дар яке аз дидбонгоҳҳои ин минтақа дар пинҳонгоҳи мошини «Камаз» - и Азимов Маҳмуд, сокини Истаравшан, аз сӯи кормандони интизомии ҳамин маҳал дарёфт шудааст. Идораи умури дохилаи Суғд мегӯяд, ин фард дар пайи боздошт бо иттиҳоми қочоқи ғайриқонунии маводи мухаддир ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шудааст.
Тайи моҳи ахир ин барои дуввумин маротиба дар роҳи Душанбе -Хуҷанд миқдори нисбатан зиёди маводи мухаддир аз дасти қочоқгарон гирифта мешавад.Ибтидои моҳи май дар мавзеъи Анзоб кормандони Вазорати дохилаи Тоҷикистон аз интиқоли 167 кило маводи мухаддир, ки беш аз 100 килои он ҳероин буд, пешгирӣ карданд. Он вақт ҳероинро аз Варзоб ба Анзоб ду нафар, Ҳамидулло Худойдодов ва Азизмурод Бердиев дар борхалтаҳо интиқол медоданд ва нисбати ҳар ду парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Тайи панҷ моҳи соли равон дар вилояти Суғд аз ҷониби ниҳодҳои муборизакунанда бо маводи мухаддир наздики 400 кило аз навъи маводи заҳрогин, ки беш аз ними онро ҳероин ташкил медиҳад, кашфу мусодира шудааст.
Маъсуми Муҳаммадраҷаб аз шаҳри Хуҷанд