Маъсуми Муҳаммадраҷаб аз шаҳри Хуҷанд
Мулоқоти хабарнигорон бо 4 ҷавони боздоштшуда бо иттиҳоми фаъолият дар "Ҳизб-ут-Таҳрир" дар яке аз утоқҳои кории боздоштгоҳи тафтишотӣ ва ё Сизо-2-и шаҳри Хуҷанд, бегоҳи рӯзи 3 июн сурат гирифт. Вале ҳангоми ворид шудан ба боздоштгоҳ мақомоти ин муассиса аз хабарнигорон хоҳиш кард, микрофонҳои худро дар даромадгоҳ гузоранд ва сӯҳбати мо танҳо дар бораи шароити буду боши боздоштшудагон ҷараён бигирад, ки оё дар дар ин боздоштгоҳ низ мавриди лату кӯб қарор доранд ё хайр.
Сизои 2 дар канори рӯди Сир ҷой гирифтааст ва ба гуфтаи Табарали Иномов, сарвари он, он ҷо 35 нафар боздоштшуда бо айби узвият дар "Ҳизб-ут-Таҳрир" зимни ҷараёни тафтишот нигоҳ дошта мешаванд. Мо тибқи дархостамон бо 4 тан аз ҷавонони боздоштшуда: Нозим Эргашев, Хуршед Каримов, Юсуф Юсуфҷонов, Инъом Ҷалилов рӯ ба рӯ сӯҳбат намудем.
Боздоштшудагон хаставу берӯҳ ба назар мерасиданд ва чеҳраи Нозим Эргашев ва Хуршед Каримов заъфарони буд. Бо Нозим Эргашев бо садои баланд сӯҳбат мекардем. Ӯ гуфт, дар натиҷаи мавриди лату кӯб қарор ёфтан зимни тафтишоти ибтидоӣ дар шӯъбаи минтақавии мубориза ба зидди ҷиноятҳои муташаккил дар идораи умури дохилаи Суғд, ба истилоҳ «шӯъбаи 6-ум», аз шунавоии гӯши росташ маҳрум шудааст. Дар пешонӣ ва дасти Хуршед Каримов - боздоштшудаи дигар, доғҳое дида мешуданд. Падари ӯ Даврон Каримов, ки ҳамчунин дар мулоқот ҳузур дошт, таассуроти худро аз дидору сӯҳбат бо фарзандаш чунин ба забон овард: "Дар аъзои бадани писарам шрамҳои лату кӯб мондагӣ, вай гуфт, ки рӯзҳои сеюму чоруми боздошт ба «6 отдел» бурда, чанд бор ба барқ монда азоб доданд. Умуман, дидам, ки бачаҳо ҷудо ҳам рӯҳафтода шудагӣ, онҳоро аз лату кӯбу тарсондану ваҳмондан аз ин дунё даст кашондагӣ."
Ёдовар мешавем, ҳафтае қабл тахминан бист нафар падару модари 14 ҷавони хуҷандӣ, ки авоили моҳи феврал дар чойхонаи «Гулбаҳор» - и Хуҷанд бо ҷурми фаъолият дар "Ҳизб-ут-Таҳрир" аз сӯи мақомоти амниятиву интизомии Суғд боздошт шудаанд, бо баргузории як нишасти хабарӣ аз ҷой доштани озору шиканҷа ба фарзандони онҳо аз ҷониби кормандони ҳифзи ҳуқуқи вилоят эълом доштанд ва мегӯянд, дар ин бора ба президенти Тоҷикистон шикоятномае низ фиристодаанд. Падару модарони боздоштшудагон гуфтанд, ки азобу шиканҷа ва фишору таҳқири равониву ҷисмонӣ нисбати фарзандони онҳо дар ҷараёни боздошт ва бозпурсӣ аз ҷониби кормандони мақомоти интизомӣ, амниятӣ ва додситонии Суғд дар боздоштгоҳи мақомоти умури дохила ва раёсати амнияти Суғд ба кор рафтааст. Ҳамчунин ин мақомот, ки тафтишоти пешакиро бар ӯҳда доштаанд, бо фишор боздоштшудагонро водор намудааст, ба тариқи хаттӣ аз кӯмаки вакили дифоъ ва ё адвокат даст кашанд.
Матлуба Каримова - модари яке аз боздоштшудагон нуктаҳои муҳимтарини номаро чунин изҳор дошта буд: «Аз рӯзи дастгир шуданашон нисбат ба онҳо (фарзандони онҳо) зӯроварӣ, таҳдиди мунтазам аз тарафи кормандони ҳифзи ҳуқуқ расонида шуда истодааст. Қувваи барқ истифода мекунанд, лату кӯб, ҳақорату дашном, масхара карда истодаанд. Адвокатҳо танҳо баъди як -ду моҳи оғози парвандаи ҷиноятии дастгиршудагон таъйин гаштанд. Яке аз онҳо Эргашев Нозим аз таъсири зарба қобилияти шуниданро гум кард.»
Зимни мулоқот 5 боздоштшуда бо иттиҳоми узвият дар "Ҳизб-ут-Таҳрир" дар посух ба пурсиши Радиои Озодӣ изҳор доштанд, ки онҳо дар маҳбаси Хуҷанд мавриди лату кӯб қарор нагирифтаанд. Шароити боздоштгоҳ, ба гуфтаи онҳо, миёна аст. Хӯрок медиҳанд, шустушу мекунанд. Танҳо ҷойи будубоши онҳо танг аст ва ҳаво намерасад. Аммо ахиран мақомоти маҳбас барои рафъи ин ҳолат иҷоза додааст, дар камераҳо бодбезак гузоранд.
Дар ҳамин ҳол Эмомалӣ Азимов - сарвари раёсати амнияти дохилаи вазорати умури дохилаи Тоҷикистон субҳи рӯзи 4 июн дар Хуҷанд дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, вазорати мазкур гурӯҳи вижаеро бо сарварии ӯ барои таҳқиқи масъалаи шиканҷаву азоби боздоштшудагон бо иттиҳоми узвият дар "Ҳизб-ут-Таҳрир" аз сӯи кормандони интизомӣ таъсис додаст. Ҳамчунин, вазорати адлия ва додситонии кулли кишвар низ ба баррасии ин масъала иқдом кардаанд. Эмомалӣ Азимов дар сӯҳбат афзуд, онҳо бо назари боздоштшудагон, волидайни онҳо ва мақомот ошно шуда, хулосаи худро ба мақомоти дахлдор пешниҳод хоҳанд кард.