Як ҳайъати муштараки Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо ба манзури ошноӣ бо вазъи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон рӯзи панҷшанбе, 3 июн вориди Тоҷикистон мешавад. Дар баёнияи матбуотии сафорати Амрико дар Душанбе омадааст, ҷониби Иёлоти Муттаҳидаро дар ин сафар Ҷон Фокс, раҳбари шӯъбаи Осиёи Марказӣ ва Қафқози департаменти давлатии ин кишвар ва ҳайъати Иттиҳодияи Аврупоро Элейн Сколан, раҳбари комиссияи назорат ба марзҳои Созмони Милал, сарварӣ мекунад.
Қарор аст марзбонони рус ба тадриҷ ҳифзи сарҳадҳои Тоҷикистону Афғонистонро ба уҳдаи марзбонони тоҷик гузоранд. Ва сафорати Амрико мегӯяд, ҳайъати мазкур ба хотири ошноӣ бо вазъи марз ва муайян кардани ҳаҷми кӯмаке, ки барои ҳифзи он зарур мешавад, ба Тоҷикистон меояд. Ҳайъат бо раҳбарони Тоҷикистону мақомоти Русия мулоқот ва аз чанд минтақаи сарҳадӣ дидан мекунад.