Ба назар мерасад, ки сару садоҳои тазоҳуроти миллатгароёни рус дар Екатеринбург ба вазъи муҳоҷирини тоҷик дар дигар манотиқи Русия бетаъсир намондааст. Аъзамшоҳ Давлатов як тан аз муздурони тоҷик, ки ҳамакнун дар Маскав ҳаммолӣ дорад, нимарӯзи чаҳоршанбеи 26-уми май бо як паёми телефонӣ ба бйюрои душанбегии Радиои Озодӣ ин хабарро расонд.
Аъзамшоҳ Давлатов дар сӯҳбати телефонӣ гуфт, ки полис мардикорони тоҷикро боздошт карда, ба корафтодагони рус мефурӯшад ва аз хидмати ройгони онҳо сарватмандон дар сохтмонҳои мухталиф, дар Маскав истифода мебаранд: « Вазъи мардикор ин аст, ки халқи тоҷикро бисёр азият медиҳанд. Мисол агар боздошт кунанду регистратсия ҳам дошта бошед, бо ҳар баҳона пул мекананд. Худи моро ҳам як бор гирифта пулис бурд, мо регистратсия доштем, аммо онҳо сари мо дӯғу пӯписа бардоштаанд. Як милиса нафареро фарёд карда гуфт, ки « вот таджика поймали, они бесплатно будут работать, есть работа? "»
Мусоҳиби ман афзуд, ки барномаҳои Радиои Озодӣ муҳоҷирин новобаста аз мушкили дастрасӣ ба мавҷ пайваста гӯш мекунанд. Аъзамшоҳ афзуд, як сабаби бо мо тамос гирифтан духтари 7 солаи ӯ Зӯҳро будааст, ки ҳамакнун сахт мариз аст. Зӯҳро аз падар хоҳиш дорад, ки ба пеши ӯ баргардад. Аммо Аъзамшоҳ мегӯяд, ки имкони бозгашт ба ватанеро надорад, ки ӯро дар ин кишвар бекорӣ интизор аст: «Ман се сол шуд дар Маскавам. Духтари 7-солаи ман, Зӯҳро касал шудааст. Вай мегуяд, ки падар ба ман ҳеҷ чиз лозим нест, фақат ба пеши ман биё. Тавассути радиои шумо орзуямро баён карданиам; орзу дорам, духтарам сиҳҳат шавад, Тоҷикистон тинҷ шавад, ки мо рафта, дар Тоҷикистон кор кунем. Ман дигар сухан гуфта наметавонам, бубахшед, ки мегирям.»
Мусоҳиби Радиои Озодӣ гуфт, ки вазъи ахири муздурони тоҷик дар Русия бе дахолати ҷиддии расмии ҳукумати кишвар ва сафорати Тоҷикистон дар Маскав роҳи ҳал надорад.
Ҷалоллиддини Фарҳодӣ аз Душанбе