Антонио Марио Коста, раҳбари идораи мубориза бо маводи мухаддири Созмони Милал (СМ) дируз, 25 май силсиласафараш ба кишварҳои Осиёи Марказиро аз шаҳри Тошканд оғоз кард. Антонио Коста зимни мулоқот бо вазири хориҷаи Узбакистон Содиқ Сафоев ба зарурати таъсиси як ожонсии давлатии мубориза бо маводи мухаддир дар Узбакистон таъкид карда, ҳамсоякишвари Тоҷикистонро намуна овардааст, ки чунин идораро ҳануз 5 сол пеш бо кумаки молии Милали Муттаҳид таъсис дода буд.
Ва аммо дар як суҳбати ихтисосӣ ба Радиои Озодӣ Антонио Коста бо тавсиф аз талошҳои давлати Тоҷикистон, вазъи умумии мубориза бо маводи мухаддир дар паҳнои Осиёи Марказиро чунин тасвир кард: "Тиҷорати ҳангуфти маводи мухаддир чолише хеле азим шудааст. Баъзе кишварҳо назар ба дигарон кори бештаре дар ин замина анҷом медиҳанд. Бархе кишварҳо дар садади вусъат додани ин коранд. Дигарон ҳам, ба назари ман, хоҳиш доранд, ки ба талошҳои худ биафзоянд. Ман аз ожонсии назорат бар маводи мухаддир сипосгузорам, ки Созмони Милал дар Тоҷикистон, дар як кишвари хурду фақире бунёд кардааст ва вай бо захоири хеле маҳдуд кори ҳангуфтеро анҷом медиҳад. Комёбии дигар кишварҳои ҳамсояву бойтар нисбат ба Тоҷикистони кучак камтар ба назар мерасад."
Антонио Коста дар идомаи ин сафараш аз Қирғизистону Тоҷикистон ва баъдан аз Афғонистон дидан мекунад.
Мирзои Салимпур