Бино ба гузориши хабаргузории "Вароруд", шумораи кушташудагон дар асари ҳамлаи сел дар ҳудуди ноҳияи Ғончии вилояти Суғди Тоҷикистон ба 7 нафар расидааст.
Қаблан гуфта мешуд, ки ҳамлаи сел дар ин минтақа мунҷар ба ҳалокати 4 чупон аз рустои Ғознии ноҳияи Мастчоҳ - Умарбой Ҷумъаев, Абдурауф Раҳимов, Одинамуҳаммад Бадалов ва Идибой Солиев шуда, ҳамчунин тақрибан 2 000 сар чорво аз рамаи онҳоро бо худ бурда, даҳҳо гектар замини киштзорро дар минтақа тахриб кардааст. Ниҳодҳои наҷотбахш теъдоде аз гӯсфандҳои селбурдаро аз обанбори Даҳанасарой берун кашидаанд.
Вале охирин хабари дарёфткардаи ожонсии "Вароруд" ҳокист, ки рузи 19 май як зану ду кудаки дигар низ дар Ғончӣ ба коми сел рафтаанд.
Мирзои Салимпур