Додситонии низомии Тоҷикистон тафтиши парвандаи ҷиноии Қосимбек Аюбов афсари вазорати амнияти кишварро ба анҷом расонида барои муҳокима ва эъломи ҳукми ниҳоӣ ба додгоҳ ирсол доштааст. Савриддин Тошев, муовини раиси додгоҳи низомии гарнизони шаҳри Душанбе ва масъули мурофиаи мазкур, гуфт, бар асоси маводи тафтишоти қаблии додситонӣ, Қосимбек Аюбов, афсари вазорати амнияти Тоҷикистон, ба иттиҳоми ришваситонӣ, ҷабран аз озодӣ маҳрум кардани шаҳрванд, сӯиистифода аз ваколати хидматӣ ва муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ айбдор карда мешавад.
Бар пояи маълумоти маводи тафтишоти қаблӣ, афсари вазорати амнияти Тоҷикистон аз як шаҳрванд, ки ҳангоми кофтукоб аз манзили зисти ӯ маводи мухаддир ва силоҳи оташфишон кашф ва мусодира мешавад, барои пинҳон доштани ин ҷурм бист ҳазор доллари амрикоӣ ришва мегирад.
Савриддин Тошев, қозии додгоҳи низомии Душанбе, аз шарҳи бештари ҷузъиёти парвандаи ҷиноии афсари вазорати амният худдорӣ кард. Аммо Набиҷон Набиев, вакили дифои Қосимбек Аюбов гуфт, мақомоти тафтишот ҷараёни бозҷӯиро нисбати нафари зери ҳимояти вай якҷониба анҷом дода ва чанде аз дархост ва далоили мушаххаси пешниҳодкардаи тарафи мудофиаро ба эътибор нагирифтааст. Оқои Набиев афзуд, ки ҳоло қасд дорад, дар ҷараёни баррасӣ ва муҳокимаи парванда дар додгоҳи низоми ин дархостҳоро дубора матраҳ кунад.
Қосимбек Аюбов, афсари собиқи вазорати амнияти Тоҷикистон аз соли 1995 то замони ба иттиҳоми ришвахорӣ боздошт ва ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шуданаш, дар моҳи феврали соли равон дар вазифаи ваколатдори фаврии ин вазоратхона кор мекардааст.
Абдуқайюми Қайюмзод