Ҳукумати Покистон ҳудуди 13 миллион доллар қарзеро, ки 10 сол қабл дар соли 1994 ба Тоҷикистон дода буд, бинобар мушкилоти иқтисодӣ ва фақру бенавой дар ин кишвар ба Тоҷикистон бахшид ва ин қарзро ёрии билоиваз хонд. Ин иқдоми раиси ҷумҳури Покистон Парвиз Мушаррафро президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов дар ҷараёни сафари ахири худ ба Покистон дар ҳузури хабарнигорон дар Исломобод эълон дошт. Раиси дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон Абдуфаттоҳ Шарифов дар робита ба ин гуфт: "Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов дар оғози нишасти матбуотии хеш дар Покистон ёдовар шуд, ки раиси ҷумҳури Покистон Парвиз Мушарраф бо назардошти равобити дӯстона ва мушкилоти ҷории Тоҷикистон қарзи ин кишварро ба ёрии билоиваз мубаддал кард."
Тибқи иттилои вазорати савдо ва иқтисоди Тоҷикистон, воми хориҷии ин кишвар, ки беш аз як миллиард долларро ташкил медод, акнун 13 миллиони он кам шуд. Дар соли 1994 бар асоси як созишномаи дуҷонибаи Тоҷикистону Покистон ҷиҳати ба Душанбе дар ҳаҷми 13 миллион доллар либосу маводи ғизо фиристодааст. Масъули дафтари матбуоти вазорати иқтисоду савдои Тоҷикистон, Ғафур Расулов, мегӯяд: "Бар асоси ин созишнома, дар ҳаҷми се миллион аз ин қарз, пӯшок ва анвои дигари либос, дар ҳаҷми се миллиони дигари он маводи анвои хурданӣ ба Тоҷикистон кӯмак карда шудааст".
Ба қавли оқои Расулов, наздик ба 6 миллиони дигари ин карз аз тариқи бонкҳо ба Тоҷикистон расонида шудааст.
Ба ин тартиб бар асоси хабари вазорати савдо ва иқтисоди ин кишвар, дар соли 2002 ҳукумати Узбакистон ҳудуди 12 миллион доллар қарзеро, ки дар ивази интиқоли газ ҷамъ шуда буд, ба Тоҷикистон бахшида буд.