Ноиби раиси хадамоти марзбонии Русия, генерал Александр Манилов гуфтааст, Русия масъалаи тадриҷан ба марзбонони тоҷик супурдани нигаҳбонии сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро баррасӣ мекунад, вале масъала ба маънии хурӯҷи Русия аз ин марз нест.
Шакли ҳузури Русияро дар марзи миёни Тоҷикистону Афғонистон созишномаи нави байни ду давлат муайян хоҳад кард, гуфт Манилов ва афзуд, Маскав мехоҳад, мутмаъин бошад, ки сарҳади ҷанубии Ҷомеъаи Кишварҳои Ҳамсуд аз қочоқи маводи мухаддир ва муҳоҷирати ғайриқонунӣ эмин аст.
Пештар аз Манилов, ноиби вазири корҳои хориҷии Русия Вячеслав Трубников дар ҳафтаи гузашта гуфт, Русия таҳти фишори Тоҷикистон ва афзоиши ҳузури ҳарбии Амрико дар минтақа ба хурӯҷи пурраи марзбонони худ аз марз бо Афғонистон маҷбур мешавад.
Салими Аюбзод