Ҷаласаи чоруми Комиссияи муштараки иқтисодии байниҳукуматии Тоҷикистону Белорус дар шаҳри Душанбе бо имзои ду созишномаи ҳамкорӣ ба поён расид. Аз ҷумла як созишнома миёни вазоратхонаҳои кор ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон Белорус ва як созишномаи дигар миёни Академияҳои улуми ин ду кишвар ба имзо расид.
Александр Михневич - муовини вазири умури хориҷаи Белорус зимни имзои ин аснод гуфт: "Мо вақти зиёдеро барои баррасии масоили вобаста ба заминаи ҳуқуқӣ ва қарордодии муносибатҳо ихтисос додем. Заминаи мувофиқе дар ҳоли ҳозир барои густариши ҳамкориҳо фароҳам аст, чӣ дар чаҳорчуби ҳамкориҳои дуҷониба ва чӣ дар доираи барномаҳои ҷомеаи муштаракулманофеъ ва созмони Авруосиё. Мо ду созишнома дар заминаи ҳамкориҳои мутақобили ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, яъне ҳуқуқи маъюбон, бознишанстагон ва қишри ниёзманди аҳолӣ, инчунин дар бораи ҳамкориҳои илмӣ ба имзо расонидем."
Дар ҳамин ҳол Абдунабӣ Сатторзода - муовини вазири умури хориҷаи Тоҷикистон низ гуфт: "Комиссияи муштараки байни ҳукуматӣ дар айни ҳол танҳо воситаи самаровар ва боеътимоди барқарорсозӣ ва рушди ҳамкориҳои мост ва тавассути ин комиссия масоили умдаи ҳамкорӣ матраҳ ва ҳал мешавад. Мо аз натиҷаи ҷаласаи чоруми комиссияи муштараки Тоҷикистону Белорус қаноатманд ҳастем."
Зимни ин ҷаласа ҳамчунин як барномаи иҷрои чорабиниҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ миёни Тоҷикистон ва Белорус то соли 2005-ум низ ба имзо расид. Ба гуфтаи вазири хориҷаи Белорус кишвараш ва Тоҷикистон қасд доранд, мубодилоти мол миёни ду кишварро, ки соли гузашта танҳо 9 миллион долларро ташкил дода буд, ду баробар бияфзоянд.
Раҳматкарими Давлат