Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон маҳкумияти Қосим Раҳимов, узви раёсати ин ҳизб ба 9 соли зиндонро қарори ғайриодилона ва сиёсӣ номид. Ҳикматулло Сайфуллозода - сухангуи ҳизб - гуфт, ҲНИТ ба манзури баррасии ин қазия ташкили ҷаласа дода ва қарори додгоҳи шаҳри Душанберо як иқдоми бадномсозии ҳизби исломӣ дар пешоруи интихоботи парлумонӣ арзёбӣ кард.
Вай гуфт: "Дар як ҷаласае, ки ба ин хотир доир шуд, инро як иқдоми аз ҷониби сохторҳои қудратӣ таҳмилӣ, беасос ва танҳо ба хотири сиёҳ кардани фаъолиятҳои сиёсии афроди саршиноси ҳизб ва ба ин васила фаъолияти ҳизби сиёсии динӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон арзёбӣ карданд. Дар баробари ин қазияи мазкур паҳлуҳои сиёсӣ дорад ва барои пешгирӣ аз боло рафтани нуфузи Ҳизби Наҳзат дар ҷомеа аст. Мо метавонем гуем, ки ин оғози маъракаи пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократӣ аст."
Қосим Раҳимов узви 65-солаи раёсат ва яке аз бунёдгузорони Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон, дар соли гузашта бо иттиҳоми таҷовуз ба номуси як духтарбачаи 12-сола боздошт ва рузи 21-уми апрел додгоҳи Душанбе уро ба ҳамин ҷурм ба 9 аз озодӣ маҳрум ва роҳии зиндон кард.
Сухангуи ҲНИТ аз қавли раиси ҳизб Сайид Абдуллои Нурӣ гуфт, таъқиби аъзои Иттиҳоди собиқи мухолифини тоҷик нақзи Созишномаи сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон аст. Соли гузашта Шамсуддин Шамсуддинов, муовини раиси ҲНИТ бо иттиҳоми ташкили гуруҳи мусаллаҳ ба 16 соли зиндон аз озодӣ маҳрум кард.
Раҳматкарими Давлат