Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо ва Тоҷикистон таҳкими мубориза алайҳи терроризм, тундгароии сиёсию мазҳабӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, қочоқи инсон ва ҳалли масъалаи поксозии минаҳо дар марзи Тоҷикистон бо Узбакистонро зарур мешуморанд.
Масоиле дар робита ба густариши ҳамкориҳои иқтисодии кишварҳои ҳаммарз, тақсими дурусти об байни кишварҳои Осиёи Марказӣ, фароҳам сохтани шароит ҷиҳати ҷалби сармоя ба иқтисоди Тоҷикистон низ аз мавзуҳои аслии мулоқоти Соломон Пасӣ - раиси кунунии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо бо Эмомалӣ Раҳмонов 8 апрел дар пойтахти Тоҷикистон буд.
Оқои Пасӣ баъд аз дидораш бо Эмомалӣ Раҳмонов ба хабаранигорон гуфт, Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар ҳар самти муҳим барои Тоҷикистон кумаки худро дареғ нахоҳад дошт. Вай афзуд: "Мо инро мефаҳмем, ки анҷоми сареъи барномаи ислоҳоти Тоҷикистон он тавре ки Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо мехоҳад, имкон надорад. Ҳукумати Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир дар пайи ислоҳот дар соҳаи иқтисод, риштаи ҳарбӣ ва сохтори идории худ аст." Оқои Пасӣ аз ҷараёни ислоҳот дар Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуда, зарурати идомаи онро таъкид кардааст.
Президенти Тоҷикистон аз масъули Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо тақозои бештари ҳамкорӣ дар мубориза бо терроризм ва тундгароии мазҳабӣ ва қочоқи маводи мухаддир шудааст, ки амнияти Тоҷикистон низ дар баробари таҳдиди он қарор дорад.
Раиси Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо Соломон Пасӣ ба дунболи ин нишаст бо раисони ҳарду палатаи парлумони Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев ва Сайдулло Хайруллоев дидор ва гуфтугу анҷом дод, ки дар ин нишастҳо зарурати таҳияи қонунҳо дар робита ба фароҳам овардани шароит барои рушди иқтисод, аз ҷумла соҳибкорӣ ва ҷалби сармоя баррасӣ шуд.
Мирзонабии Холиқзод