Шафофияти буҷаи Тоҷикистон ва сарфу хароҷоти маблағи буҷа дар риштаи фарҳангу маориф ва соҳаҳои дигари Тоҷикистон мавзуи аслии мулоқоти Денис Де Трей - мудири минтақавии Бонки ҷаҳонӣ - бо вазири молияи ин кишвар Сафаралӣ Наҷмиддинов буд. Масъули департаменти буҷаи вазорати молия Мусо Исомиддинов дар робита ба ин мулоқот 6 апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ин нишаст аслан намояндаи Бонки Ҷаҳонӣ ба масъалаи хароҷот ва ҷараёни иҷроиши хазинаи давлат, махсусан ба соҳоти иҷтимоии кишвар таваҷҷуҳ зоҳир кардааст.
Ба ин маъно, ки идораҳои буҷахур аз вазъи амалии хазинаи давлат ва дар мавриди масрафи он иттилоъ надоранд. Давлат барои мардуми худ низ аз вазъи буҷа кам иттилоъ медиҳад, ё ин ки умуман сокинони кишвар намедонанд, маблағи буҷа ба куҷо ва бо кадом мақсад сарф шудаст.
Мусо Исомиддинов - раиси департарменти буҷаи вазорати молияи Тоҷикистон мегуяд, ахиран бо талаби Бонки Ҷаҳонӣ ва Сандуқи Байналмилалии Пул оид ба вазъи хазинаи давлат ва масрафи он дар нашрияҳои ҳукуматӣ маълумот дода мешавад ва ҳангоми қабули қонуни буҷа аз тарафи парлумон матни комили қонун дар саҳифаҳои рузномаҳо ба нашр мерасад.
Ба хотири шафофияти буҷа ва барои огоҳ сохтани мардум аз ҷараёни хароҷоти он вазорати молия тасмим гирифтааст, дар саҳифаи интернетии худ ҷараёни иҷроиши буҷа ва маълумоту рақамҳо дар бораи буҷаро ҷой диҳад. Дар ҳоли ҳозир тибқи иттилоъи вазорати молияи Тоҷикистон, буҷаи кишвар ҳудуди 25 миллион сомонӣ дучори каср мебошад. Дар соли равон маблағи умумии буҷаи Тоҷикистон ба 917 миллион сомонӣ баробар шудааст.
Мирзонабии Холиқзод