Садорати ҳизби ғайрираcмии "Тараққиёт" бо ирсоли як нома ба унвони ҳукумати шаҳри Душанбе дархости баргузории гирдиҳамоӣ дар пойтахти кишвар кард. Ин дуввумин номаи Ҳизби Тараққиёт мебошад, ки ба хотири таъхир дар сабти номи ҳизб дар вазорати адлияи Тоҷикистон қасди баргузории гирдиҳамоӣ мекунад. Рустам Файзиев муовини раиси Ҳизби Тараққиёт мегуяд: "Мо илтимос кардем, ки ҳукумати шаҳр ба мо иҷозат диҳад, барои митинг гузарониданд. Дар мактуб мо навиштем, ки рузи гирдиҳамоӣ ва ҷойи гирдиҳамоиро ҳукумати шаҳр таъйин кунад, мо розӣ. Ин аризаи додагии мо ҳамааш мувофиқи қонун."
Оқои Файзиев эътироф мекунад, ки дар номаи пешинаи ҳизб иштибоҳҳое ҷой дошт, аз ҷумла имзои раиси ҳизб набуд ва дуввум масъулине, ки аз тарафи ҳизб тартибу низомро ҳангоми гирдиҳамоӣ таъмин кунанд, мушаххас нашуда буд.
Аммо дар ин навбат Ҳизби Тараққиёт номаро бо назардошти тамоми банду моддаҳои қонуни баргузории митингу намоишҳо омода кардааст.
Вале яке аз намояндагони шуъбаи робитаҳои ҷамъиятию маъмурии ҳукумати шаҳр гуфт, ҳануз нома ба ин шуъба нарасидааст ва онҳо наметавонанд, дар ин робита чизе шарҳ диханд.
Вазорати адлияи Тоҷикистон мегуяд, дар пайи анҷоми як санҷиш муайян намудаст, 11 тан аз аъзои шомили феҳрасти пешниҳодии Ҳизби Тараққиёт ба вазорати адлия ба ин ҳизб иртибот надоштаанд. Аз ин ру, вазорат расман эълон дошт, ки аз қайди ҳизб худдорӣ мекунад.
Сулаймон Давлатов сардори раёсати сабти номи аҳзоб ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии вазорати адлияи Тоҷикистон гуфт, агар раёсати Ҳизби Тараққиёт камбудиҳои ишоранамудаи вазорати адлияро ислоҳ кунад, метавонад, барои қайди ҳизб муроҷиат кунад.
Аммо Рустам Файзиев, муовини раиси Ҳизби Тараққиёти Тоҷикистон мегуяд, мушкилоти ҳизбро танҳо бо баргузории гирдиҳамоӣ метавон бартараф кард, зеро танҳо дар сурати гирдиҳамоӣ вазорати адлия ва мақомоти дигари масъули ҳукумати Тоҷикистон ба сарнавишти Ҳизби Тараққиёт таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир хоҳанд кард.
Мирзонабии Холиқзод