Тоҷикистон охирин минаҳои зидди нафари худро мунҳадим сохт. Маросими хотимавии нобудсозии захираи минаҳои Тоҷикистон дар машқгоҳи низомии Лоҳур дар чиҳилкиломтерии шарқи Душанбе бо ширкати намояндагони сафоратхонаҳои хориҷии муқими Тоҷикистон ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ баргузор шуд. Халифабобо Ҳомидов вазири адлияи Тоҷикистон зимни ин маросим гуфт: "Ҷумҳурии Тоҷикистон имруз амалиёти нобудсозии захоири минаҳои зидди нафари худро мутобиқи Конвенсияи Оттава ба поён мерасонад."
Зимни амалиёти имруз дусад адад минаи зидди нафар нобуд сохта шуд. Ба ҳамин тартиб Тоҷикистон уҳдадории худро дар назди Конвенсияи Оттава аз соли 1997 ба иҷро расонид. Дар маҷмуъ дар захираҳои вазорати дифоъи Тоҷикистон ва соир нируҳои ҷангӣ 3029 адад чунин мина мавҷуд будааст, ки ба сурати комил нобуд сохта шуданд. Тибқи шароити Конвенсияи Оттава ҳар кишвари узв бояд дар тули чор соли аввали баъди имзои санади мазкур тамоми захираи минаҳои зидди нафари худро нобуд созад. Ва Тоҷикистон танҳо як руз қабл аз анҷоми замони барояш таъйиншуда, яъне 1 апрели соли 2004 уҳдадории байналмилалии худро иҷро намуд.
Аммо дар ҳамин ҳол Ҷонмуҳаммад Раҷабов - раиси маркази минарубии Тоҷикистон мегуяд, мушкили ин кишвар бо минаҳо бо ин ҳал нахоҳад шуд. У мегуяд, акнун фаъолияти маркази минарубӣ барои поксозии майдонҳои мина дар се минтақаи Тоҷикистон идома хоҳад кард.
Аммо мегуяд оқои Раҷабов бино ба мушаххас набудани хати марзи Тоҷикистон бо Узбакистон феълан маркази онҳо наметавонад, бевосита ба хунсосозии минаҳо дар марз машғул шавад. Ба гуфтаи раиси Маркази минарубиии Тоҷикистон, дар тобистони имсол дар минтақаи Рашт амалиёти поксозии майдонҳои минаро, ки аз замони ҷанги дохилӣ боқӣ мондааст, оғоз мешавад.
Раҳматкарими Давлат