"Барқи Тоҷик": Лимити барқ дар Тоҷикистон лағв шуд

Ширкати “Барқи Тоҷик” эълон кард, ки лимити нирӯи барқро дар саросари Тоҷикистон аз рӯзи 17 апрел мебардорад ва тамоми манотиқи кишвар аз ин ба баъд 24 соат дар шабонарӯз нирӯи барқ хоҳанд гирифт. Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи “Барқи Тоҷик” гуфт, ин ширкат ба мардум барои ҳусни таҳаммулаш дар рӯзҳои лимит изҳори сипос мекунад.
Лимити шадиди нирӯи барқ дар Тоҷикистон аз авоили моҳи март ҷорӣ шуда, мақомот сатҳи ба таври бесобиқа пойини об дар обанбори нирӯгоҳи Норакро далели аслии он ном мебурданд. “Барқи Тоҷик” дар баёнияаш сарусадоҳо дар бораи дар ин рӯзҳо ба хориҷ фурӯхта шудани барқро “овозаҳои иғвоангез” ва кори дасти “гурӯҳҳои фурсатҷӯ” номид. Аммо бино ба омори расмӣ, Тоҷикистон дар моҳи март ба хориҷ 8 миллион киловват-соат барқ фурӯхтааст.