Дар Тоҷикистон аз имрӯз маҳдудияти интиқоли нерӯи барқ дар саросари кишвар аз байн бардошта мешавад. Нозирҷон Ёдгорӣ сухангӯи ширкати “Барқи Тоҷик” дар ин бора ба Радиои Озодӣ гуфт: Рӯзи 17 март дар Тоҷикистон маҳдудияти интиқоли нерӯи барқ барҳам дода шуд ва ҳоло тамоми мардуми ҷумҳурӣ бе ягон маҳдудият бо нерӯи барқ таъмин шуданд. Вобаста ба ин ширкати "Барқи Тоҷик" ба тамоми сокинони Тоҷикистон муроҷиатнома қабул кард ва ба хотири он ки сабру таҳаммул доштанд, ба мардум арзи сипос ва миннатдорӣ намуд ва эҳтиромона хоҳиш кард, ки аз барқ сарфакорона истифода баранд." Ба гуфтаи ӯ афзудани маҷрои об ба обанбори Норак ҳоло иҷоза медиҳад, ки дар ин нерӯгоҳ ба қадри кофӣ нерӯи барқ ҳосил шавад. Моҳи марти имсол мақомоти Тоҷикистон ба таври ногаҳонӣ эълом карданд, ки бинобар сардии ҳаво ва кам шудани маҷрои об ба нерӯгоҳи барқи обии Норак дар саросари кишвар, интиқоли нерӯи барқ маҳдуд мешавад. То имрӯз дар бисёре аз навоҳии Тоҷикистон дар як шабонарӯз танҳо 2 соат нерӯи барқ дода мешуд.