Ҳайати бузурги Покистон аз Тоҷикистон боздид мекунад

Бино ба хабари матбуоти Покистон, як ҳайати 100 нафараи Утоқи бозаргонӣ ва саноатии ин кишвар барои баррасии роҳҳои сармоягузорӣ дар бахшҳои мухталифи иқтисоди Тоҷикистон аз ин кишвар боздид хоҳад кард. Сенатор Ҳоҷӣ Ғулом Алӣ-раиси Утоқи тиҷоратӣ дар мулоқот бо сафири Тоҷикистон дар Покистон гуфт, ҳоло аҳамияти рушди ҳамкориҳои тиҷоратии миёни ду кишвар боло рафтааст ва касе наметавонад онро нодида бигирад. Ба ҳайати Покистон ғулҳои бозаргонӣ ва тоҷирони шинохтаи ин кишвар ворид хоҳанд шуд. Ба гуфтаи сафири Тоҷикистон, ҳоло Тоҷикистон ба Покистон алюмин, ангишт ва меваҳои хушк содир мекунад.