Мақомоти НАТО мегӯянд, ки имрӯз як бамгузори интиҳорӣ дар пойгоҳи низомӣ дар шарқи Афғонистон 5 сарбози нируҳои байналмиллалии кӯмаки амниятиро ба қатл расондааст. Низомиёни Афғонистон ҳам гуфтаанд, ки дар ин бамгузорӣ 4 сарбози онҳо низ кушта шудаанд ва 4 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд. Ҷунбиши Толибон масъулияти ин ҳамларо бар ӯҳда гирифтааст. Генерал Муҳаммад Зоҳир Азимӣ-сухангӯи вазорати дифои Афғонистон гуфт, бамгузори интиҳорӣ дар тан либоси низомии артиши Афғонистон ба даромадгоҳи пойгоҳи муштарки нируҳои байналмиллалӣ ва Афғонистон дар Лағмон наздик шудааст ва худро мунфаҷир сохтааст.