Назарбоев 6 додрасро аз мақомҳояшон сабукдӯш кард

Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳури Қазоқистон, шаш додраси Додгоҳи Олии кишварашро бинобар ришвахорӣ аз мақомҳояшон сабукдӯш кардааст. Аслан Мусин, раиси дастгоҳи раёсати ҷумҳури Қазоқистон ба вакилони порлумон гуфт, тамоми ин додрасҳо, ки ба зидди онҳо парвандаи ҷиноӣ боз шудааст, дар фасодкорӣ даст доштаанд. Ба гузориши бахши қазоқии Радиои Озодӣ, Ғанӣ Қосимов, яке аз вакилони порлумон гуфтааст, Мусалбек Олимбеков, раиси Додгоҳи олӣ ҳам бояд барои фасодкории зердастонаш ҷавоб бигӯяд.