Имрӯз Иттиҳодияи Аврупо дороиҳои 32 мақоми давлатии эронӣ, аз ҷумла раҳбарони нирӯҳои полис, низомиён, ниманизомиён, додгустарӣ ва зиндонҳоро бо иттиҳоми даст доштан дар ҷиноятҳои марбут ба поймолкунии ҳуқуқи инсон замони эътирозҳои зиддиҳукуматии журналистону фаъолон ва донишҷӯён масдуд кард.
Дар феҳрасти нашршудаи Иттиҳодияи Аврупо исми раҳбари полиси миллӣ (Исмоил Аҳмадӣ-Муқаддам), фармондеҳи аршади Посдорони инқилоб (Муҳаммад Алии Ҷаъфарӣ), фармондеҳи нирӯҳои басиҷ (Муҳаммад Ризо Нақдӣ) ва раҳбари созмони миллии зиндонҳо (Ғулом Ҳусайн Исмоилӣ) дарҷ шудааст.
Ин нафарон дар саркӯби золимонаи эътирозгарони баъди интихоботи раёсатҷумҳурии соли 2009 айбдор мешаванд.