Гӯруҳи тамос вазъи Либияро баррасӣ мекунад

Дар остонаи нишаст, шӯришиёни Либия тарҳи пешниҳодии Иттиҳодияи Африқоро рад карданд.

Дар Қатар имрӯз нишасти “гурӯҳи байналмилалии тамоси бӯҳрони Либия” баргузор мешавад, дар он низоъ миёни шӯришиён ва нерӯҳои вафодор ба Муаммар Қаззофӣ баррасӣ хоҳад шуд. Интизор меравад, дар ин нишаст аъзои Шӯрои муваққатии миллии Либия, ки шӯришиён таъсис додаанд суханронӣ кунанд. Ин гурӯҳ талош дорад, барои хотима додан ба ҳукумати бештар аз чиҳилсолаи Муаммар Қаззофӣ ҳимояти ҷомеаи байналмилалиро ба даст орад. Шӯрои мазкурро то кунун Қатар, Фаронса ва Итолиё ба ҳайси мақомоти қонунии Либия эътироф кардаанд. Мӯсо Кӯсо, вазири собиқи умури хориҷаи Либия, дар ин нишаст суханронӣ мекунад. Дар остонаи ин нишаст, Фаронса ва Бритониё аз паймони НАТО хостанд, ҳамлаҳои ҳавоӣ ба нерӯҳои Қаззофиро афзоиш диҳанд, то шӯришиён ба онҳо хубтар муқовимат кунанд.