Кумитаи амниятии милли Ҷумҳурии Белорус, як ҷавони ғайриславяниро омили аслии инфиҷори хунин дар метрои Минск ном бурд, ки рӯзи сешанбе 12 нафарро кушт. Вадим Зайтсев, раиси кумита гуфт, фарди муттаҳам, “ҷавони 27-солаи тануманде будаст, ки пиджаки малла ва кулоҳи пашмӣ бар сар доштааст.” Ӯ афзуд, се нафари дигар ҳам дар робита ба инфиҷор боздошт шудаанд. Бар асари таркиш ба гуфтаи мақомоти Белорус бештар аз 150 нафари дигар захм бардоштаанд. Анатолий Куляшов, вазири умури дохилии Белорус гуфт, дар метро бомби худсохт таркидааст:"Бомби худсохт бо оҳанпораҳо ва мех ва дигар ашёи филиззӣ пур шуда буд. Яъне ҳадафи ҷинояткорон ба ҳадди аксар маҷрӯҳ кардани одамон будааст." Раиси ҷумҳур Александр Лукашенко, инфиҷор дар Минскро талоше барои ноором кардани вазъ дар Белорус хонд ва гуфт, эҳтимоли даст доштани хориҷиён дар он ҳамла вуҷуд дорад. Имрӯз ба хотири гиромидошти қурбониёни таркиш дар Белорус рӯзи мотам эълом шудааст.